Марги фоҷиавии 3 нафар дар Норак
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар аз марги фоҷиавии 3 нафар дар Норак хабар додааст.
Тибқи иттилоъи ин ниҳод, ҳодиса шаби 22-юми декабр рӯй дода, бар асари чаппагардон шудани қаиқ дар Норак 3 нафар ба ҳалокат расидаанд.
«Ҳафт нафар савори қаиқ аз ҷамоати Дукони шаҳри Норак ба самти деҳаи Гирдоби ҷамоати Пули Сангин ҳаракат кардаанд, вале дуртар аз соҳил қаиқ чаппагардон шуда, мусофирон ба об афтидаанд. Чаҳор нафар сокинони Норак тавонистаанд аз об бароянд, вале се нафари дигар, ки ду нафарашон аз Норак ва як нафари дигар аз Ёвон будааст, ба ҳалокат расидаанд», - омадааст дар хабар.
Ҷисми ғарқшудагон пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шудааст.