Шумораи қурбониёни заминларзаи шадид, ки шаби 1-уми сентябр дар кишвари ҳамсояамон Афғонистон сар зада буд, торафт меафзояд.
Расонаҳо иттилоъ додаанд, ки теъдоди қурбониёни заминларза дар вилояти Кунар ба 2205 нафар расида, дастикам 3640 нафар маҷруҳ шудаанд.
Амалҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти зарардидагони заминларза дар манотиқи дигари осебдида, аз ҷумла Нургал, Мазордара, Чападара ва Маногӣ идома доранд.
Айни замон хаймаҳои муваққатӣ зада шуда, ба хонаводаҳои овора кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла доруворӣ ва ғизо тақсим карда мешавад.