Дар ноҳияи Зафаробод ду ҳамсоя ба чоҳ даромада, ҷон додаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ҳодиса рӯзи 11-июл сар зада, ду сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳангоми кандани чоҳ ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилоъи манбаъ, марди 55-сола барои об чоҳ кофта, дар чуқурии 15 метр аз ҳуш рафтааст. Як ҳамдеҳа мард, ки ҷавони 25-сола будааст, ба ӯ кӯмак карданӣ шуда ба ҷоҳ медарояд, вале ӯ низ дар қаъри чоҳ ҷон медиҳад. Гуфта мешавад, ки мардҳо дар чоҳ нафасгир шудаанд. Ҷасади ҳардуро дарёфт намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.