arzon november
Марги Фарҳоди муҳоҷир тасодуф ё ...?
4430

Субҳи дирӯз як муҳоҷири тоҷик дар айёми шукофии умр аз бемории сил ин дунёро падруд гуфт.

Хабари фавти Фарҳоди Иброҳимро имрӯз хоҳари марҳум Сумани Иброҳим дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи “Oila” Рустам Азимӣ тасдиқ намуда, гуфт бародараш Фарҳод, ки ҳанӯз 27 сол дошт, дар шаҳри Ростови Русия аз бемории сил даргузаштааст.

Бечора ҳайф шуд, бародарам, ҷону ҷигарам, зану бачаашро танҳо гузошта, тарки мо намуд. Падару модарам пири барҷомондаанд ва хоҳаракам солҳост, ки аз бемории фалаҷ азият мекашад. Мо маблағе надорем, ки ҷасади бародарамро аз морг гирифта, ба Тоҷикистон барем”, - мегӯяд бо гиряҳои зор хоҳараш Сумани Иброҳим.

Аз гуфтаҳои Суман бармеояд, ки ҷасади Фарҳод ҳоло дар яке аз сардхонаҳои шаҳри Ростов на Донуи кишвари Русия қарор дорад. Хоҳари ӯ аз тамоми мардуми кишвар ва онҳое, ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, даъват ба амал овард, ки дар ин рӯзҳои сахту сангин ба эшон кӯмаки хешро дареғ надоранду дар фиристодани ҷасади бародараш дасти ёрӣ дароз намоянд.

Рақами корти Сбербанк: 54 69 40 00 28 01 (Сумани Иброҳим)

Телефон барои тамос: +7 (963) 656 22 69

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД