Arzon march 2024
МАРГИ ДУХТАРИ НОБИНО АЗ ЗУЛМИ ПАДАР
15.06.2021
Оила
4248

   

     Ҷисми беҷони Соро дар тобут рӯи ҳавлии падар мехобиду дар рӯяш тӯри арӯсияш партофта шуда буд, то ки баъд аз ӯро гӯронидан, тӯри арӯсаки сиёбахтро дар чӯби болои қабраш бубанданд.

Соро бо Лайло ҳамдеҳа, ҳамсинф ва дугона буданду ҳар ду дар қатори пеш дар синф менишастанд, зеро биноии чашмони онҳо аз хурдӣ суст ва яке аз чашмонашон костагӣ дошт. Соро ва Лайлоро ҳатто падарҳояшон бо ҳам дӯсту ҳамсинф буданд. Падари Лайло чунон инсони хуб буд, ки духтарашро мисоли гул мепарварид. Беморхонае дар пойтахту берун аз он намонда буд, ки Лайло дар он табобати чашм нагирифта бошад. Ҳар бор, ки Лайло баъд аз тамом шудани табобат бо либосҳои зебову навхаридаи падараш ба назди ҳамсинфон бармегашт, Соро ғамгин мешуд. Мутаассифона, падари золиме насиби Соро шуда буд, агар духтарашро дар роҳрави деҳа бо ҳамсабақони худ медид, сангҳои кӯчаро ба сари Соро ҳаво медоду дашномҳои беохир медод, ки ман чӣ хато кардам, ки туро Худованд барои сари маро хам кардан дар байни одамон офаридаасту ба воситаи ту маро ҷазо медиҳад.

Вақте ҳамсабақон чунин беқадрии Сороро дар назди волидонаш медиданд, барои Сороро масхара кардан дубора қувват мегирифтанд. Дар тахтаи синф расме мекашиданду чашмонашро ба ҳар тараф тоб дода, “ин Соро аст” мегуфтанд ва расми сангро мекашиданду “ин сангҳое аст, ки падараш бар сари ӯ мезанад”, гуфта механдиданд. Лайло ба чашмонаш айнак мепӯшид, вале касе ҷуръат намекард, ки расми ӯро дар тахтаи синф кашаду ӯро таҳқир кунад. Чунки модари Лайло барои ҳимояи духтараш мактабро ба сар мебардошт. Бародарони Лайло баъд аз тамом шудани дарс ҷузвдони хоҳарашонро худашон сари китф мегирифтанду бо мӯйҳояш бозикунону ӯро бӯсакунон ба хона мебурданд. Сороро бошад, баъд аз тамом шудани дарс писарбачаҳо дар роҳрав сумкаашро гирифта медавиданд, масхара кардаву озораш медоданд.

Вақте дугонаҳо дар танаффус бо ҳам суҳбат мекарданд, Лайло мегуфт:

-Дирӯз баъди дарс ба хона рафтему бародари калониям барои ман тухм бирён кард. Бародари хурдиям бошад, чойро ширин карду хунук карда, ба пешам гузошт.

Соро бошад, мегуфт:

-Ман баъд аз дарс ба хона рафта, аз дарахт шафтолу чидаму аз падарам пинҳонӣ бурда, дар роҳи мошингард ба ронандаҳо фурӯхта, барои худам як куртаи тобистона хариданӣ будам. Ногоҳ як даста бачаҳо омаданду сатили шафтолуро гирифта, ба даруни бағалҳояшон рехтанд ва рӯймоли рӯи сатилро гирифта, дар гарданам печониданду маро масхаракунон ҷониби дара тела доданд. Аз роҳ то хона гиря карда омадаму бародарам ба ман гуфт:

-Кош мемурдӣ, ки халос мешудем!

Баъд аз хатми синфи 9-ум Сороро дигар падараш ба мактаб омадан намонд. Лайло бошад, назди падар барои Соро гиря кард. Худи ҳамон бегоҳ падари Лайло ба хонаи дӯсташ омаду суҳбатро аз суханҳои хуб сар карда, аз падари Соро хоҳиш кард, то иҷозат диҳад, ки Соро бо ҳамроҳии духтараш мактабро хатм карда, ҳар ду дар як донишгоҳ таҳсил карда, ояндаи худашонро бисозанд.

Падари Соро бо ғазаб:

-Ин кӯрҳоро куҷо мебарем,- гуфта буд, ки падари Лайло аз ҷояш хеста, аз гиребони дӯсташ гирифту гуфт:

-Ба фарзанди ман тавҳин накун! Шояд ту кӯр бошӣ, лекин духтари ман нури чашмони ман аст,- гуфта, ӯро раҳо карду аз хона баромада, дигар ба пушташ нигоҳ накард.

Пас аз хатми мактаб Лайлоро падараш ба донишгоҳ дохил кард. Ӯро устодонаш ба ҷои кор даъват карданд. Ҳар рӯз аз пештара зеботар шуда, ба деҳа меомад. Мардум ӯро таърифу тавсиф мекарданд, лекин аз тарси падари Лайло ҷуръат намекарданд, ки барои писарҳои соҳибмаълумоту солимашон ба хостгорӣ биёянд.

Соро пас аз хатми мактаб ба бемории сил гирифтор шуд. Бемории ӯ ирсӣ буд, зеро ду амаку як аммааш аз ин беморӣ дар ҷавонияшон вафот карда буданд. Ӯро чанд муддат муолиҷа карданду ҳанӯз сиҳат нашуда, ба як марди 18 сол аз худаш калонтар, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда буд, ба шавҳар доданд. Пас аз ду ҳафтаи арӯсӣ бемории Соро боз хурӯҷ карда, рӯз ба рӯз аҳволи наварӯсакро бадтар кардан гирифт. Модари домод аз бемор будани келин хабардор шуда, писарашро аз Соро то он ҳад ҷудо кард, ки ҳатто ба беморхона ба хабаргирияш рафтан намонд. Соро дар беморхона аз интизории роҳи шавҳари бераҳму бедилаш шабҳоро бо гиря рӯз мекарду бо дили пуралам шеър навишта, бо ашки шашқатор дилашро холӣ мекард. Ин духтараки азиятдида ба хотири он ки аҷал зудтар ба суроғаш биёяд, дорувориҳои додаи духтуронро аз тиреза ба берун мепартофт.

Пас аз ду моҳи интизорӣ Соро дар беморхона танҳо модарашро дар рӯ ба рӯяш диду гуфт:

-Оча! Боре модари Лайло дар роҳрави беморхона дар фасли зимистон ҳангоми интизори духтур буданашон пойафзолаш пур аз об мешавад. Он зан хунук мехӯрад, вале ба духтараш сир бой намедиҳад. Лекин чашми Лайло ба пойафзоли дарида меафтад ва аз он лаҳза то ба имрӯз мегиряд, ки модарам ба хотири нороҳат нашудани ман хунук хӯрду ба ман чизе нагуфт. Ман бошам, муддати ду моҳ аз зӯрии дард ва таб сӯхтаму ҳар лаҳза охирин бор дидори рӯйи модарамро орзу кардам. Лекин модарамро наёфтам, ки ба ӯ чизе бигӯям.

Модари бечора аз ғами духтари бемор ва шавҳари золиме, ки ӯро барои дидани духтараш иҷозат намедоду вақти гиряашро шунидан аз хона берунаш мекард, кайҳо ба бемории саратон гирифтор шуда буду мехост хомӯшона бимирад. Танҳо гиря мекарду халос.

Соро бо дили пуралам аз дунё гузашт. Лайло бо ҷавони зебое хонадор ва соҳиби духтарчаи дӯстрӯй шуда, номашро Соро гузошт. Ҳар нафаре Сороро таҳқир карда буд, бо гузашти замон ба дарди бадтаре гирифтор шуд. Аммо як ҷумлае, ки Соро доим такрор мекард, чунин буд:

-Оила мисли дарахт аст. Агар аз реша мустаҳкам набошад, меваҳои хубро ба бор намеоварад. Муҳаббати оила ҳар фарзанди ноқисеро пурра мегардонад...

                                                                                   Хандазеби.......

 

        

        

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД