Sebiston new 2024 october
Марг аз дасти моиндар
15.08.2024
ОИЛА
3887


Дар шӯъбаи ҷарроҳии таваллудхона модари ҷавоне тифли ҳанӯз боре ба оғӯши меҳр ногирифтаашро, тифли мисли ҷон азизашро ятим гузошта, аз олам чашм пӯшид.

Модар аз зиндагӣ носеру навмед ва дилнигарон рафт. Падари дилхуншуда кӯдаки навзодашро барои парасторӣ ба холааш дод .
Пас аз шаш - ҳафт моҳ ин ҷавонмард дубора зан гирифт. Зани дуюмаш дар муддати кӯтоҳ паи ҳам ду фарзанд ба дунё овард.

Падари хонадон пас аз се сол писари вввалинашро, писарчаи ятимашро ба хонааш овард. Занаш ин писарчаи бемодарро на меҳри поки модарӣ, балки ҷабру ҷафо, ранҷу озор, ғаму андӯҳу ашки сӯзон ҳадя кард.

Писарчаи сесолаи ятими бечора асло ҳарфи хуше, навозише аз ҷониби модари угай намедид. Таҳдиду таҳқир, туршрӯии модари ӯгай қалби кӯчаку бегуноҳи кӯдакро мефишурд, лек ҳеҷ чора надошт баҳри наҷоташ.

Рӯзе модари ӯгай хешони худашро ба меҳмонӣ даъват намуда, барояшон дастархон орост. Ҳама нозу неъмати шоҳона рӯйи хон омода буд ва писарчаи ятим даст сӯйи кадом хӯрдание дароз намуд. Инро дида, модари ӯгай зуд аз сари дастархон ӯро кашола карда, бо қаҳру ғазаб балкон бароварда, наздаш табақчае бо як каф биринҷ гузошта гуфт, ки орому бесадо инҷо наҷунбида шинад. Худаш назди меҳмононаш рафтаву дигар писарчаро ба гӯшаи хаёлаш ҳам наовард. Пас аз гусели меҳмонон фарзандони худашро ба ҷойгаҳашон бурда хобонид. Аммо нисбат ба он писараки дар балкони сарду торик маҷбурӣ ва бо ҷабр ҷо додааш заррае ғамхорию як зарра дилсӯзӣ ҳам нанамуд. Ба гӯшаи хаёлаш ҳам ӯро дигар наздик наовард.

Падари хонадон аз кор чун дер меомаду хаста шуда буд, ба хонааш омада, аз ҳамсари худ аҳволи кӯдаконро ҷӯё шуд ва ҷавоби қаноатбахш гирифта, хоб рафт. Дар хобаш ҳамсари аввалаашро дид, ки мегуфт: " Аз аҳволи писаратон бохабар шавед!"

Бедор шуду занашро бедор карда, аз чигунагии аҳволи кӯдаконаш пурсид. Занаш бо қаҳр “онҳо саломатанду хобанд” гуфт . Падар хоб рафта, боз ҳамон хобашро дид, ки зани аввалааш мегуфт:

- Аз писаратон бохабар шавед!
Боз аз хобаш хеставу аз занаш фарзандонашро пурсид. Ӯ бо қаҳр “гуфтам ку хоб ҳастанд, ин қадар эрка кардаед ин писаратонро” гуфта, хоб рафт. Падари фарзандон бори сеюм ба хобаш зани аввалаашро дид, ки акнун чунин мегуфт:
- Писарам, ҷигарбандам, фарзандам акнун ба назди худам омад.
Мард ҷаста аз ҷояш бархост. Аз хоби дидааш ба ҳарос омада, ба хонаи хоби писараш рафт, вале ӯро пайдо накард. Сахт тарсид. Ҳамаи хонаҳо ва ошхонаву ҳоҷатхонаро низ кофт, вале дар ҳеҷ ҷо наёфт. Бо ваҳму ваҳшат ба балкон гузашта, кӯдаки аз сардӣ хунук хӯрдаю сарашро хам карда байни зонуҳояш мондаю шах шудаашро дид, ки ҷони ширин ба ҷонофарин супорида, бо ҳаёти пурбалояш якбора видоъ карда буд ....
Ӯ аз канори модари ӯгайи бераҳм, ба канори модари азизу меҳрубон ва беозораш роҳ гирифта, ба назди фариштагон рафта буд. Албатта дигар он ҷо озору ҷафо, ранҷу ашку шиканҷа бо ӯ ҳаргиз ҳамроҳ буда наметавонист.
М.Чабборова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД