Дар ноҳияи Хуросон як мардро барои латукӯби ҳамсар ва фарзанди хурдсолаш ба муҳлати 8 сол равонаи зиндон намуданд.
Маҳкумшуда Алимов М. Г. шаби 7-уми июли соли равон дар ҳолати мастӣ ба хонааш, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон воқеъ аст, баргашта, бо ҳамсараш ҷанҷол кардааст. Марди бадмаст дар рафти моҷарои хонаводагӣ занашро бераҳмона латукӯб намуда, ба фарзанди думоҳааш низ зарари ҷисмонӣ расонидааст.
Бино ба хулосаи ташхиси тиббӣ-судӣ косахонаи сари кӯдаки навзод осеб гирифтааст, ки барои саломатӣ хавфнок дониста мешавад.
Мард барои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 8 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шудааст. Ин банди қонун аз 8 то 12 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.