Arzon march 2024
Марди ҳунарманде, ки Рустами Достонро зинда кард
11.01.2024
аб
713

Алишер Ҷумъаеви 65- сола муддати зиёд аст, ки бо рассомиву наққошӣ ва кундалрезию ҳайкалтарошӣ машғул аст. Мавсуф бештар асарҳое меофарад, ки таърихи фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбуёди тоҷикро бозгӯ менамоянд.

Ин марди сар то по ҳунар бештар аз рӯйи ривоят ва асарҳои таърихиву бадеӣ мусаввара офарида, мехоҳад бо асарҳояш ба ҷаҳониён тарзи либоспӯшӣ, урфу одат ва маданияти тоҷиконро нишон диҳад.

"Гузаштагони мо дар ҳама давру замон либосҳои ниҳоят зебову қашанг ба бар мекарданд. Шоҳиву атлас, ҷомаҳои беқасаб ва ҷилодор мепӯшиданд. Ҳар минтақа саллаву тоқиҳои зебои ба худ хос дошт. Дар баробари он ки занҳои мо дорои зару зевар буданд, мардҳо низ бозубанду ангуштарин ва маснуоти зиёди заргари доштаанд, ки нишони қудрат буд. Рассом вақте, ки аз рӯйи ягон асар ё ҳодисаю воқеаи таърихӣ мусавварае меофарад, бояд фазои фарҳанги ҳамон давраро тасаввур ва тасвир карда тавонад, то хонанда худро дар олами таърихӣ эҳсос кунад. ,"-мегӯяд ин рассоми номӣ.

Алишер Ҷумъаев асарҳои зиёде офаридааст, вале бештари эҷодиёташро деворнигораҳои мунаққаш ташкил медиҳанд, ки "Қасри Миллат", "Кохи Наврӯз", "Кохи Малика", "Фарҳангсарои Ориёӣ", "Маркази ҳунар ва фарҳанги Ҳушанг", "Қалъаи Муғ" ва даҳҳо биноҳои дигари фарҳангиро зебу зиннат медиҳанд.

Ҳайкалтарошӣ ҳунари дигари қаҳрамони мо буда, пайкараи шахсони бузургро сохтааст. Пайкараи шоир Зуфархон Ҷавҳарӣ ва нимпайкараи Набиҷон Қодирӣ ба дастони мӯъҷизаофари ин ҳунарманд тааллуқ доранд. Мавсуф бо истифода аз ҳунари кошинкорӣ низ асарҳо офаридааст. Дарвозаи "Ғаллаи Ӯротеппа" намунаи олии ҳунари кошинкории қаҳрамони мост.

Алишер Ҷумъаев барои нашри китоби "Шоҳнома" дар Амрико лаҳзаҳои ниҳоят ҷолиби ин асарро тасвир кардааст. Дуздида шудани аспи Рустам, вохӯрӣ бо Таҳмина, шикояти Сӯҳроб ба модараш, рӯзи видоъ бо Фирдавсӣ аз намунаҳои беҳтарини офаридаи ӯянд.

"Аз ҷониби Мозиёр Қавидил, нависандаи муқими Шветсия "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ба забони англисӣ тарҷума шуд. Барои ҳамон хоҳиш карданд, ки лаҳзаҳои ин асарро тасвир намоям. Чун "Шоҳнома"-ро ниҳоят дӯст медорам, бе хоҳиши онҳо ҳам эпизодҳои зиёдеро аз "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ тасвир карда будам. Тасвири қаҳрамониҳои аҷдодони бузургамон бароям лаззатбахш аст , "- мегӯяд Алишер Ҷумъаев.

Алишер Ҷумъаев тавонистааст қаҳрамонҳои асари безаволи "Шоҳнома"-ро зинда созад ва ба ҷаҳониён таҳамтанҳои гузаштаамонро нишон диҳад.

Бештари асарҳои то имрӯз офаридаи Ҷумъаев ҳаҷман калон буда, рӯйи девори кохҳои фарҳангӣ тасвир ёфтаанд ё сақфи чунин мавзеъҳо бо дастони мӯъҷизаофари ӯ наққошиву кундалрезӣ шудааст. Акнун қаҳрамони мо мехоҳад дар мусаввараҳои хурд таъриху тамаддуни миллати бузурги тоҷикро тасвир намояд.

"Дигар синну соли мо ҳам рафт. Тавони дар сақф ё девори биноҳои баланд эҷод кардан надорем. Барои ҳамин ба хулосае омадам, ки ба тасвири мусаввараҳои ҳаҷман хурд пардозам. Ният дорам гузарҳои қадимаи Истаравшанро тасвир намоям,"- гуфт дар поёни суҳбат қаҳрамонамон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД