Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 36 сола бо гумони одамрабоӣ хабар додааст.
Гулонов Хуршед, сокини 36-солаи шаҳри Душанберо, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шуда буд, корманди милитсияи пойтахт Ҳоҷизода Абубакри 21-соларо рабуда, аз санаи 16 июн то 19 июн дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш, ки дар кӯчаи Яккачинори шаҳдри Душанбе воқеъ мебошад. пинҳон карда, аз падару модари ин ҷавон бар ивази озодии фарзандашон 30 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Хуршед Гулонов гаравгон Ҳоҷизода Абубакрро зери шиканҷа қарор дода, мехостааст барои харидани бангдона аз хешовандони ӯ пули калон бигирад. Айни замон Гулонов Хуршед ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.