Ҳасан ба ивази кӯдак аз Зебо ду ҳазор доллар гирифт, ин маблағ он солҳо кам набуд ва зиндагияшро хеле обод кард. Кӯдак семоҳа мешуду Зебо барояш мемурд, аммо Ҳасан акнун ба шантаж гузашта гуфт, ки агар хонаатро ба номам намекунӣ, ба ҳама мегӯям, ки кӯдак аз худат нест! Зеборо ин ҳаромии Ҳасан сахт мутаассир карду ӯро аз хона ронд, аммо Ҳасани занакчаи ғайбатчӣ дид, ки Зебо рӯяшро дидан намехоҳад, самти зараррасонияшро дигар кард.
ӯ байни ҳаққу ҳамсоя овоза паҳн кард, ки писари Зебо ҳаромиест, ки модараш аз ӯ даст кашидааст. Ин овоза ба гӯши бародарону модараш ҳам расид, Зебои бечора намедонист чӣ кор кунад…
Паст
Зебо бо ёрии духтури шиносе тамоми ҳуҷҷатҳои кӯдакро тахт карда буду дар ҳуҷҷати Умедҷони ягонааш Ҳасанро падару худашро модар навишта буд ….
Як шом дарашро кӯфтанд, чун дарро кушод, пушти дар Ҳасан ва зани хароби қоқинаи сиёҳҷурдае меистоданд. Зебо ноилоҷ онҳоро ба хона хонд, чун аз забони зан писари кӣ будани Умедҷонро шунид, аз ҳуш рафт. Зани Ҳасан, маълум буд, ки таҳти фишори ӯ, Зеборо шантаж мекард, ки агар ба гуфтаи ҳамсари ӯ розӣ шуда, хонаашро ба номаш накунад, писарашро гашта мегирад.
-Ман розӣ,- чашмонашро аз чашми Зебо гурезонда гуфт зан,- ту зани дуюми шавҳарам ҳастӣ, зиндагиятонро идома диҳед. Аммо ман ба хонаи кушоди шумо мекӯчаму шумо ба хонаи якҳуҷрагии мо… Зебо дид, ки зану шавҳари паст ба якдигар аҳд бастаанду якҷоя амал мекунанд, кӯдакашонро ба онҳо дода, ҳардуро аз хона ронд. Ҳасану занаш инро чашмдор набуданд, занаш то хона бо шавҳараш ҷанг карду ба кӯдак нимнигоҳ ҳам намекард. Зебо ноилоҷ ҳама макри Ҳасанаки Худозадаро ба бародаронаш нақл намуд, бародари калонияш хост бо дахолати милиса кӯдакро аз Ҳасан кашида гирад, аммо Зебо нахост. Зеро медонист, ки ин кӯдак як умр ӯро асири Ҳасанаки занакчаи ғайбатчии нодидаи алфонс мегардонад. Аз марде, ки ба хотири пулу пайсаи ҳаром кӯдакашро фурӯхт, чиро интизор шудан мумкин буд?! Зебо азоб мекашид, сахт, шабу рӯз болинашро оғӯш гирифта мегирист, ба дипрессияи сахт гирифтор шуд. Бо маслиҳати акаҳояш хонаро фурӯхта, аз ҷойи дигар хона гирифт ва ба кор баргашт, бахташ хандиду ӯро вазифаи баланде доданд. Акнун ҳушу ёдаш ба кор банд буд, зани бародари хурдияш писарча таваллуд карда, ба хоҳаршӯйи аз зиндагӣ азоб додааш дод ва ҳаёти Зебо нури дигар гирифт…
Бешараф
Озарҷони ширинаш панҷсола шуд ва Зебо дар зинаҳои мансаб боз болотар рафт, дар ин миён тоҷири занмурдае, ки аз никоҳи пешин ду фарзанди ба камолрасида дошт, талабгораш шуд ва дар чилу ду солагӣ боз шавҳар кард. Ҳарчанд дилаш дигар шавҳар намехост, вале модараш ба ҷону ҳолаш намонд. Духтару писари шавҳараш ӯро модар меномиданду ҳурматашро ба ҷо меоварданд, шавҳараш низ ӯро дӯст медошту эҳтиром мекард, барои ӯ ва Озар дар як канори шаҳр ҳавлии барҳавои зебое сохт. Зебо Ҳасанакро чун хобу хаёли бад фаромӯш карда буд, вале…
Як субҳи барвақт нав ба кабинети корияш даромада, ба котибааш духтараки меҳрубону нозанин қаҳва фармуда буд, ки дарашро бе тақ-тақ касе кушод. Котиба аз қафои ӯ даромада гуфт:
-Ба Худо гуфтам, ки надароед, даромаданд-а…-Зебо дар рӯ ба рӯяш Ҳасанро дида, дилаш беҳузур шуд, вале худашро дошта пурсид:
-Ҳа, тинҷӣ?!- Ҳасан табассуми хунук дар лаб гуфт:-Зебоҷон, шунидам, ки одами калон шудаӣ хабаргирият омадам, шояд маро бубахшиву аз нав қабул кунӣ?! Писарат ҳам шашсола шуд…
Зебо давоми гапи Ҳасанро гӯш кардан нахоста, аз рӯйи мизаш ҳар чӣ ки ба дасташ меафтод, гирифта ба тарафи ӯ ҳаво медод, оқибат аз ҷояш хесту ба рӯйи вай туф карда, фарёд зад:
-Як бори дигар дар зиндагии ман пайдо шавӣ, туро зиндон мекунам, наҷосати бӯин, дафъ шаве…- Ҳасани тарсу чӣ хел думашро хода кард, Зебо нафаҳмида монд. Бо рафтани Ҳасан аз зиндагияш зан дигар доруи таскинбахш намехӯрд, вале ҳамон рӯз котибаро дорухона фиристод то асабҳои вайронашро даме ором кунад. Нигоҳи раиса ба чашмони котибаи меҳрубонаш афтоданд ва ӯ пичиррос зад:
- Худованд ҳеҷ касро ба марди занакача, ғайбатчӣ, бешараф ва паст дучор накунад,- духтарак китф дарҳам кашида, чизеро нафаҳмид…
Дилошӯб