Formula novemver 2024
Марди фарзандфурӯш
29.07.2022
ДИЛОШӮБ
2005

 

Зеби дунё

Кам касоне ҳастанд, ки дар ҳусну кору рафторашон ба номашон арзанда бошанд, аммо Зеборо Худованд, ба сурату сират зебо офарида аст…

Дар деҳаи дурдасти як ноҳияи сарҳадии кишвар дар хонаи раиси колхози машҳуре байни чор бародар ба дунё омадааст қаҳрамони мо. Аз хурдӣ дар фазои ишқу муҳаббати хонаводагӣ бузург шуда, дили сафеду нигоҳи сабзе дошт ба зиндагӣ. Бародаронаш ҳамагӣ Донишгоҳи аграриро хатм карда буданду хоҳари ноздонаашонро низ ба ҳамин донишгоҳ ғоибона дохил намуданд. Падару модараш духтарашонро зиёд дӯст медоштанду эрка мекарданд, номаш дар забони волидайн «зеби дунё» буд. Зебои қоматбаланди нозанин, ки завқу салиқаи баланди либоспӯшӣ дошт, яке аз духтарони соҳибҷамол ва серхаридори ноҳияашон ба шумор мерафт. Дар ҳукумати ноҳия чун мутахассиси пешбар ифои вазифа мекарду ҳама хурду калон ҳурмату эҳтиромаш мекарданд. Модараш холаи Авзалбӣ, ки дар ноҳия ба дастархондориву ҳунармандияш ном бароварда буд, кӯшиш мекард то духтараш ҷойнишинаш бошад. ӯ ҳамеша Зеборо таъкид мекард, ки гап дар сари диплому вазифа нест, ту бояд зане бошӣ, хусуру хушдоману шавҳарат аз ту ризо бошанд. Зебо низ ягон гуфтаи модарро ба замин намегузошт ва як духтари босаводу ҳунарманду кадбонуе буд, ки ҳама занони келингир ҳавасашро мехӯрданд…

Зиндагии ширин

Байни хостгорони зиёд падару бародаронаш хостгории Алиро пазируфтанд. Алӣ писари ягонаи раиси ноҳия ҷавонмарди зебо, гӯштингир, човандоз ва сарвари фурӯшгоҳи марказии ноҳия буд. Ҷавон донишгоҳи савдоро дар шаҳри Тошканд ҳатм кардаву мутахассиси хуби ин соҳа ба шумор мерафт. Зеборо барои писараш апаи калонии Алӣ ва модари зикааш хуш карда буданд, ҷавон мисли Зебо байни чор апааш азизу нури чашмон буд. Рӯзи тӯйи Зебову Алӣ мардум ҳама хурсандӣ мекарданд, он солҳо тӯйҳо дар саҳни ҳавлиҳо баргузор мегаштанд. Аммо Алӣ дар тӯяш як навоварӣ кард, ӯ арӯсашро мисли дигарҳо бо мошини он вақтҳо машҳури «Волга» нею бо аспу ароба ба хонааш овард. Ёлҳои Рахшашро бо лентаҳои ҳархела оро дода, бо Саъдуллои оҳангар фармуда фойтуни зебое созонд, ки минбаъд дар ноҳия домоду арӯсони романтик аз он истифода мебурданд. Зебо бо куртаи атласи шому саҳар ва рӯймоли ғиҷими сафеду тоқии зардузияш моҳи шаби чордаҳро мемонд, ки нав рух намоён кардааст. Шаби васли ду навҷавони ба ҳам зебанда гӯё дар ноҳия ид буд. Тӯй хеле зебо гузашту зиндагии домоду арӯс низ мисли асал ширин оғоз ёфт. Хусуру хушдоман ҳам арӯси нозанину ҳунармандашонро, ки ҳам кори давлатро мекарду ҳам хизмати хонаи сермеҳмони шавҳарро, сахт дӯст медоштанд. Зебо дар симои хоҳаршӯйҳояш апаю хоҳар ёфту Алӣ хусурбачаҳояшро мисли бародар дӯст медошт, аммо…

                           Рашки қисмат

Алӣ ҳамсари нозанинашро он қадар дӯст медошт, ки аз дар даромадан замон ӯро суроғ мекард, Зеб, куҷоӣ? Зеби хона, Зеби дили ман, зеби дунё… чӣ номҳои зебое дошт, бонуи хушбахт! Шояд рашки қисмат омад, ки ин ҷуфти зебо соҳиби фарзанд нашуданд, каму ғам не, даҳ сол зиндагӣ карданд, хонаи тамоми табибу муллоро гашт, аммо беҳуда…Дар ин миён ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуду мардум парешону овора гаштанд. Алиро як рафиқаш ба Тошканд ба наздаш даъват кард ва ӯ бо падару модараш ба он ҷо рафт, Зеборо волидонаш рафтан нагузоштанд. Алӣ ба назди хусураш омад, то иҷозати рафтани занашро гирад, аммо хусураш ӯро маҷбур кард то Зеборо талоқ кунаду баъд равад. Дарду доғи ҷанг як тараф, доғи ҳиҷрони шавҳараш як тараф ҷону дили Зеборо месӯхтанд, бемор шуд зан аз дурии маҷбурӣ аз шавҳари нозбардор ва дӯстдораш. Падарашро барои ҷудоии байни худашу Алӣ гунаҳгор карда, ӯро бад медид то он даме, ки аз забони апаи Алӣ шунид, ки ҳамон рафиқаш хоҳарашро никоҳ карда, ба Алӣ додаасту ӯ соҳиби ду писари дугоник гаштааст…

Зебо хобу хӯрро гум карда буд, падараш бемор шуда, аз дунё гузашту бародаронаш, ки ҳама дар шаҳр мезистанд, баъди ҷанг хонаву дари падариро фурӯхта, барои модар ва хоҳари бебахташон дар маркази Душанбе хонаи зебоеро харидорӣ намуданд. Зебо дар пойтахт бо модараш мезист ва дар як корхонаи бонуфуз ба ҳайси муҳосиб кор мекард, дар ҳамон ҷо бо Ҳасан шинос шуд. Ҳасан дили ҷавонзани зеборо бо меҳрубониҳои зиёд ёфта, оқибат ӯро зани дуюм карда гирифт. Ҳасан дарбони корхона буд, вале Зебо ба бародаронаш ӯро дигар хел муаррифӣ карда буд. Ба хотири зиндагии тинҷу осудаи Зебо бародараш модарашро ба хонаи худаш бурд ва Ҳасан, чеҳраи аслияшро нишон дод. Ҳарчанд ӯ аз зани аввалаш сахт метарсиду ягон шаб дар хони Зебо намемонд, пояшро дар як мӯза тиқонда, Зеборо маҷбур мекард, ки хонаашро ба номи вай гузаронад. Зебо ба вай ваъда дод, ки ҳамин ки кӯдакдор шаванд, ҳамин корро мекунад, вале ҳеҷ не, ки кӯдакдор шаванд. Зебо Ҳасанаки камбағали дар умраш нони сери нахӯрдаро дӯст надорад ҳам, ба хотири муъҷизаи Худованд домани ӯро дошта меистод…

                         Дар ҳилла тар

Ҳасан ба Зебо фармуд, ки худро ба хешу табораш ҳомиладор вонамуд кунад, вақти ҳамл фаро расид, кӯдак пайдо кардан ба гардани ӯ. Ҳасан ӯро фиреб дод, ки як хеши камбағал доранду ӯ розӣ аст, ки фарзанде ба дунё оварда, ба онҳо фурӯшад. Зани Ҳасан ҳомиладор шуд ва хост исқоти ҳамл кунад, зеро худаш хонашин буду бечора шавҳараш барои чор кӯдакашон ба зӯр пул меёфт. Аммо Ҳасан бо занаш маслиҳат кард, ки кӯдакашонро ба як оилаи бефарзанд мефурӯшанд. Занаш аввал розӣ нашуд, вале Ҳасани дар ҳилла тар ӯро розӣ кард. Бародарону модараш аз шунидани хабари ҳомиладории Зебо он қадар хурсанд буданд, ки ногуфтанӣ, охир синни ӯ ба чил дакка мехӯрду касе боварӣ надошт, ки дар ин сину сол соҳиби фарзанд мешаванд. Чун фурсати таваллуди зани Ҳасан фаро расид, ӯро ба духтур набурд. Зан бо азоби алим дар назди шавҳараш дар хона таваллуд кард ва шабона кӯдакро парпеч карда, ба хонаи Зебо бурд. Зебо писаракро ба даст гирифта, ҳам мегиристу ҳам механдид, дар дил хурсанд буд, ки дигар дар шикамаш болишт бастаю мардумро фиреб намедиҳад. Ба хотири дурӯғи фикр кардаи Ҳасан ӯ аз кор рафта буд, Ҳасан чораи занашро низ ёфт, ӯро ба қишлоқ фиристоду он ҷо пайвандонашро фиреб дод, ки кӯдак мурда таваллуд шуд ва маслиҳат карданд, ки ба ҳамсояҳои шаҳрӣ низ ҳамин гапро мегӯянд.

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД