arzon replenishment
Марди доғистонӣ писаронамро соҳибӣ кард
1147


Ман як тоҷикзани муҳоҷирам. 13 сол инҷониб дар Русия зиндагӣ мекунам. Аз омаданам пушаймон нестам. Дар Ватан аз дасти хушдомани золиму хоҳаршӯйҳои албастӣ рӯз надоштам.

Рӯзе набуд, ки хушдоману қайсингилҳоям бо неши забонашон маро гирён накунанд. Билохира, ҷонам ба лабам расиду талоқамро талаб намудам. Шавҳарам бо ду фарзанд ҷавоби маро доду ба хонаи падарам баргаштам. Аҳли хонавода аз омадани ман хурсанд набуданд, дар рӯям нагӯянд ҳам, аз пасам пичир-пичир мекарданд, ки занаки хуб мебуд, хонаи шавҳарашро маҳкам дошта, зиндагиашро саришта мекард.

Дидам, ки дар хонаи падар ҳам рӯзам хуш нест, қарор додам, ки сарриштаи зиндагиамро ба дасти худам мегирам ва дар ягон ҷо кор карда, бачаҳоямро бе миннат мехӯронаму мепӯшонам. Модарам хеле кӯшиш кард, ки маро аз роҳам гардонад, вале ба гапаш аҳамият надода, бачаҳоямро гирифта ба шаҳр омадам. Тақдир маро бо зани меҳрубоне рӯ ба рӯ кард. Фарзона маро ҳамроҳи худ ба Русия овард. Ду писарамро зери қаноти худ гирифтаам, дигар касе як бурда нонро дар тани фарзандонам заҳр намекунад.

Кӯдаконам гули чизро мехӯранду гули чизро мепӯшанд ва дар яке аз мактабҳои Маскав таҳсил мекунанд. Дар мулки рус апаи Фарзона маро бо як ҳамкори доғистониаш, ки марди хуб ва зиндадилу меҳрубон аст, хонадор кард. Шавҳари доғистониам маро тоҷи сар карда, намемонад, ки дастамро ба оби хунук занам. Бо фарзандонам чунон меҳрубон аст, ки худам ба ҳайрат меоям. Шояд аксарият ин сатрҳоро хонда, маро маломат намоянд, вале ман аз он ки бо ин марди дарёдилу ба нангу номус риштаи тақдирамро пайвастам, заррае пушаймон нестам. Шавҳари тоҷикам, агар як зарра нангу номус медошт ва маро мардона соҳибӣ мекард, оворагӯр шуда, ба мулки мардум намеафтодам.

Ш., аз Русия.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД