Sebiston new 2024 october
Марди беномус ба дилам зад
6708

 Ман зан, модари чор фарзанд, муаллимаи мактаб ҳастам ҳастам. Чанд рӯз қабл ба синни 45 қадам мегузорам. Шавҳарам дар як корхонаи давлатӣ кор мекунад ва мо ҳар ду қариб, ки маоши баробар мегирем. Фарзандонам яке пайи дигар қад кашида, ду нафараш мактабро тамом карданду донишҷӯ шуданд. Маоши мегирифтаи мо барои рӯзгузарониву таъмин намудани ниёзҳои ду донишҷӯ ва пеш бурдани рӯзгорамон намерасад. Тамоми ин солҳо бародаронам, ки тоҷир ҳастанд, ба мо кӯмак мерасониданд, вале солҳои охир тиҷораташон суст шуда, зиндагии худашонро ба зӯр пеш мебаранд. Акнун зиндагиямон душвор шуда, қариб ҳар моҳ бо қарзу қавола ба зӯр то маош рӯз мегузаронем. Бар замми ин, вақти оиладор кардани писарҳоям расидааст, вале мо дар як хонаи дуҳуҷрагӣ базӯр меғунҷем. Чанд маротиба аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки яке аз писаронамро гирифта, барои пулкоркунӣ ба Русия равад ё ягон илоҷи корро пайдо намояд. Шавҳарам дар ҷавоб мегӯяд, ки “акаҳои пулдорат чанд хонаву чанд мошин доранд, ба ҷиянҳояшон кӯмак расонанд”. Аз аввал бо пули акаҳои ман маззахӯрак шуда, ин мард заррае номусу виҷдон надорад, ки фикри ояндаи фарзандонашро кунад. Айни замон ба маслиҳати шумо сахт ниёз дорам. Ба фикри шумо бо чунин марди бе номус чӣ гуна рафтор кунам?

Саида

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД