Хушунату зӯроварӣ алайҳи занону духтарон ба дарди ҷонсӯзи ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва новобаста ба талошу муборизаҳои пайвастаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри пешгирии чунин ҷиноятҳо то имрӯз мардони бехираде ёфт мешаванд, ки бо ҳар баҳона ба сари зан, духтар, хоҳар, дӯстдухтари худ даст бардошта, занони бе пушту паноҳро бераҳмона лату кӯб мекунанд, озор медиҳанд ва ҳатто ба қатл мерасонанд.
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як куштори ваҳшиёнаи зан ба дасти шавҳар хабар додааст.
Самар Камолови 52-сола, сокини шаҳри Душанбе буда, аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани куштор дастгир шудааст. Ин марди бехирад пештар барои қасдан расонидани зарар ба саломатии инсон суд шудааст, вале ба ҷойи он ки дар кунҷи зиндон дар боби амали норавои худ андеша кардану ислоҳ шудан, баракс золимтар гашта, баъди ба озодӣ баромадан даст ба амале зад, ки ба ақли солим рост намеояд.
Самар Камолов соҳиби фарзандони баркамол ва ҳатто наберадор бошад ҳам, аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш Замирахон Раҳмоноваи 50-соларо ба таври ваҳшиёна ба қатл расонд. Тавре ки аз гузориши кормандони милитсия бармеояд, шаби 12-уми сентябр, тахминан соатҳои 1:00-и шаб вақте ки ҳама аҳли хонадон дар хоби роҳат буданд,вай ба ошхона рафта корди хоҷагиро меорад ва мисли даррандаи хашмгин ба қисмати гардан ва тамоми аъзои бадани зани масти хобаш пай дар пай 25 маротиба корд зада, ҳамсарашро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат мерасонад.
Вақте сабаби даст ба чунин ҷинояти ваҳшиёна заданашро аз Камолов пурсон мешаванд, марди занкуш худашро сафед карда мегӯяд, ки гӯё дар бораи занаш ҳар хел овозаҳо паҳн шуда буданд ва ӯ ин овозаҳоро таҳаммул карда натавониста, даст ба қатли ҳамсараш задааст, вале ин барои бо чунин усули ваҳшиёна ба қатл расонидани зани наберадор сабаб шуда наметавонад.
Тавре ки аз гузориш бармеояд, худи Камолов баъди ба озодӣ баромаданаш пайваста бо аҳли оилааш ҷангу ҷанҷол карда, ҷангу нифоқ бармехезондааст ва бо дашном додану таҳқир кардани ҳамсараш иқтифода накарда, зани бечораро бераҳмона лату кӯб мекардааст. Билохира, ин ҳама моҷароҳои хонаводагӣ бо хунрезӣ анҷом ёфта, ин марди золим дар хобаш занашро кордборон карда кушт.
Айни замон нисбати Самар Камолов бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (одамкушӣ) дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ин ҳодисаи хунин идома дорад.
Фарзона Муродӣ