arzon replenishment
МАРДИ 37-СОЛА ДАР РӮЗИ РАВШАН ГУМ ШУД
3926


Сунатулло Хоҷаев зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, хоҷагии Каленин, деҳаи Садоқат (Сотсиализм) буда, субҳи рӯзи душанбе, аниқтараш саннаи 2-июли соли ҷорӣ бо нияти кор аз хона баромада, бо ҳамин бедарак шудааст.

Ба гуфти яке аз пайвандонаш Сунатулло 37 сол дошта, пояш каме мелангад ва нуқсони ақлонӣ дорад. Рӯзи аз хона баромадан дар танаш куртаи остинкӯтоҳу шими кабуд, дар пояш пояфзоли сиёҳ ва дар сараш телпаки хокистарӣ дошт. Суннатулло ба касе чизе нагуфта ба самти бозори шаҳри Ҳисор меравад ва бо ҳамин бе ному нишон мегардад.
Хешу ақрабо чанд рӯз боз дар ҳама ҷо ӯро ҷустуҷӯ доранд, вале то ба ҳол аз Суннатулло ягон ному нишон пайдо накардаанд.

Пайвандони Суннатулло аз кулли мардуми тоҷик хоҳиш ва илтимос мекунанд, ки дар пайдо кардани бародари носолимашон ба онҳо ёрӣ расонанд, зеро модари зораш аз ғами писари дардмандаш ба бистари беморӣ афтодааст.

Касоне, ки дар бораи Суннатулло ягон маълумот доранд ва ё ӯро дар ҷое дидаанд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд:
+992-900-575-563, +992-906-115-747

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД