Formula novemver 2024
МАРДЕ, КИ ЖУРНАЛИСТИ "ОИЛА"-РО ЛАТУ КӮБ КАРД, ДАСТГИР ШУД!
2747

Шахси номаълуме, ки ба журналисти “Оила” ҳамла намуда, баъди лату кӯб телефони мобилиашро кашида гирифта буд, билохира ба даст афтод.


Дуюми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 13:00 дар наздикии бинои комплекси табъу нашри “Шарқи озод” шахси номаълум ба яке аз кормандони ЧММ “Оила” ҳамла намуда, журналистро мавриди лату кӯб қарор дода буд. Авбош баъди латукӯби хабарнигор телефони тамғаи “Реми-9”-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб зад, вале...
Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи дуюми содиршавии ҳодиса ҷинояти мазкур бо “изи гарм” ошкор ва гумонбар дастгир карда шуд.

Жигулский Николай Генадевич, сокини шаҳри Норак ва муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, қаблан ду маротиба ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс шудааст. Айни замон гумонбаршаванда Жигулский Николай Генадевич дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 248-и (ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД