arzon replenishment
Марде, ки панҷ панҷааш ҳунар аст
2899

 

Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг ва санъати миллати тоҷик, овозхони булбуловоз ва хушзавқу хушсалиқа Зиёвиддини Нурзод ҷашни милод дорад.

Зиёвиддин аз зумраи он ҷавонмардони камназир ва ангуштшуморест, ки маъмулан мардум дар васфашон мегӯянд: “Панҷ панҷаи ин мард ҳунар аст!”

Дар ҳақиқат Худованд ба Зиёвиддин лутфу марҳамати зиёде намуда, барояш якбора чанд гавҳари бебаҳои ҳунарро ҳадя намудааст. Дар симои ин ҷавони эҷодкор якбора чанд чеҳраи эҷодиро дарёфт намудан мумкин аст: Зиёвиддини журналист. Зиёвиддини шоир, Зиёвиддини нависанда, Зиёвиддини ҳангсоз, Зиёвиддини ҳофиз....

Булбуле аз “Лонаи булбулон”

Қабл аз он, ки рӯ ба сарояндагӣ оварад, ин ҷавони эҷодкор солиёни зиёд дар Радиои Тоҷикистон ва шабакаи радиоии “Садои Душанбе” ба сифати хабарнигор фаъолият менамуд. Кор дар радио ҳамеша мисли вулқон ҷӯш мезанад ва қонеъ намудани завқи ҳазорон-ҳазор шунавандагон саҳлу осон нест, аммо ин ҷавони ҷӯяндаву сертакопӯй ба ин ҳама ташвишу серкорӣ нигоҳ накарда, барои ҳамкорӣ бо расонаҳои даврӣ низ вақт меёфт.

Марде, ки дарди дили занонро мегуфт

Зиёвиддини Нурзод ҳамон солҳо яке аз мухбирони хеле фаъоли ҳафтаномаи “Муҳаббат ва Оила”ба ҳисоб рафта, дарду доғи рӯзгори мардуми оддиро ба қалам медод ва бештар аз мушкилоти ҷавонон ва бонувони деҳот менавишт. Зиёвиддин ҳамвора дарди дили модарони танҳову занҳои аз ҷабру зулми шавҳару хушдоман ба ҷон расидаро қисса карда, бо ҳамин роҳ таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба мушкилоти доғи рӯз аз қабили хушунату зӯроварӣ дар оила ва зиндагии пур аз дарду доғи модароне, ки ба танҳоӣ чанд фарзанди хурдсолро ба воя мерасонанд, ҷалб мекард, аммо...

Чакомаҳои ошиқона

Дар баробари кор дар радио ва навиштани маводҳои хонданбобу ҷолиби сарнавиштӣ барои маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ Зиёвиддин ҳамчунин машқи шеър низ мекард. Чакомаҳои ошиқонаву орифонаи хомааш басо дилчасп буда, ба зудӣ дар дили ошиқони каломи бадеъ маъво мегирифтанд ва ҳамин тавр дар як муддати кӯттоҳ Зиёвидин ҳамчун шоири ҷавон дар байни мардум шинохта шуд, аммо он вақт аксарият аз як ҳунари волои дигари ин ҷавони “даҳ панҷааш ҳунар” хабар надоштанд...

Аз ихлос ба Садриддин то меҳри санъат

Зиёвиддин ошиқи садои ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин буд ва дар бораи ин ҳунарманди ҷавон китобе низ иншо кард, аммо баъдан меҳри нисбат ба Садриддин доштааш тақдири Зиёвиддинро бо санъат пайваста, оҳиста-оҳиста худ низ машқи суруд мекардагӣ шуд. Таронаҳои нахустинаш аз он гувоҳӣ медоданд, ки дар ҷодаи санъат низ Зиёвиддини Нурзод шахси тасодуфӣ нест, балки ба ҳунару ҳунармандӣ хеле ҷиддӣ муносибат намуда, пайваста талош ба харҷ медиҳад, то ҳунарманди навгӯву навҷӯ бошад. Маъмулан тамоми ҳунармандони ҷавон дар оғози фаъолияти ҳунарии худ ҳатман аз ин ё он ҳунармади машҳур пайравӣ менамоянд, аммо Зиёвиддин аз оғоз пайроҳаи эҷодии худро боз намуда, бо як сабки танҳо ба худаш хос тарона эҷод мекард. Садои пурдардаш зуд ба дилҳо нишаст ва ҳамин тавр дар як муддати кӯтоҳ Зиёвиддини Нурзод мухлисони сершумори худро пайдо намуда, ба қатори ситораҳои эстрадаи тоҷик дохил шуд.

Маҳбуби дилҳо

Имрӯз шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки Зиёвиддини Нурзодро нашиносад ва ё аз эҷоди ин ҳунарманди ҷавон таронае нашунида бошад. Сурудаҳои Зиёвиддин бо гӯшнавозӣ ва мазмуну маънии фарохи худ дар дили ҳазорон-ҳазор ошиқони савту наво маъво гирифта, ин ҳунарманди асил азизи дили мардуми тоҷик гаштааст.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ Зиёвиддини азизро бо ҷашни милодаш муборакбод гуфта, барояш тани сиҳату хотири шод ва парвозҳои аз ин ҳам баландтари эҷодиро таманно доранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД