Бо чор фарзанд дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем. Шавҳарам барои ману фарзандонаш ягон шароити дурусте муҳайё карда наметавонаду бар замми ин, зани дуюм гирифтанист. Даҳон кушоям, мегӯяд, ки Худованд ба марди мусулмон чаҳор зан гирифтанро иҷозат додааст. Магар марде, ки як занро хӯрондаю пӯшонда наметавонад, ба зани дуюм гирифтан ҳуқуқ дорад?
СОҶИДА, ш. Душанбе
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Дар ислом чор зан гирифтани мард ҷоиз аст, ба шарте, ки ҳамаи занҳояшро мард бо хона ва шароити зиндагӣ таъмин карда тавонад. Мутаассифона, имрӯз мо бисёри мардҳоро мебинем, ки одитарин шароити зиндагиро надошта бошанд ҳам, исломро дастак карда, зани дуюм мегиранд.
Ба шавҳаратон маслиҳат медиҳам, ки ба ҷойи фикри зани дуюм гирифтанро намудан, шароити зиндагонии аҳли оилаашро беҳтар созад, чунки мард барои зану фарзандонаш дар назди Худованд ҷавобгар аст. Аз рӯйи қонун ҳам дар Тоҷикистон дузанагӣ манъ аст.