arzon replenishment
Марде, ки духтарчаро дар Панҷакент корд зад, пештар барои таҷовуз суд шуда будааст
667

Мақомоти тафтишотӣ алайҳи марди 53-солае, ки чанд рӯз қабл як духтарчаи хурдсолро дар бозори марказии шаҳри Панҷакент корд зада буд, бо қисми 3-и моддаи 32 (сӯйиқасд ба куштор) ва қисми 2-и моддаи 104 (куштор)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.

Бино ба иттилои ВКД, ин марди 53-сола, ки сокини ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент мебошад, рӯзи 16-уми феврали соли равон дар бозори марказии шаҳри Панҷакент як духтарчаи 7-соларо, ки ҳамроҳи модараш ба бозор омада буд, бе сабаб корд задааст. Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва баъди ду рӯзи сар задани ҳодиса гумонбар боздошт шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми содир намуди ин амал гумонбар дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Боздоштшуда қаблан бо 3 банди қонун - моддаи 120 (таҳдиди куштор ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 139 (содир намудани амалҳои хислати шаҳвонӣ дошта) суд шуда будааст.

Духтарчае, ки ин марди 53-сола ӯро дар бозор корд зада буд, аз беморхона ҷавоб дода шудааст ва айни замон вазъи саломатиаш хуб аст. Ному насаби гумонбар то ба охир расидани тафтишот ифшо карда намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД