Formula novemver 2024
Марде ёфт шуд, ки 100 рӯз зери харобаҳо буд
7168

 

Дар Сурия ҳангоми тоза кардани харобаҳои пас аз заминларзаи шадиди моҳи феврал як марди бениҳоят лоғар пайдо шуд. Мард беш аз се моҳ мунтазири наҷоти мӯъҷизавӣ буд, хабар дод портали «Akhbar.fouri».

Дар акси нашркардаи сомона дида мешавад, ки мард хеле лоғар буда, дар баданаш осори захм намудор аст. Инчунин, ӯ хуб ҳарф намезанад ва хеле хаставу тарсида ба назар мерасад. Ҳоло табибон барои ҳаёти ӯ мубориза мебаранд.

Инчунин, хонед:

МӮЪҶИЗАИ НАВБАТӢ ДАР ТУРКИЯ

Рӯзноманигорон ҷузъиёти зиндагии семоҳаи ин мардро дар зери харобаҳо гуфта наметавонанд ва чӣ тавр беш аз се моҳ ӯ бе обу ғизо зинда мондааст, муаммо мебошад.

Хонае, ки дар он мард пайдо шуда буд, бар асари заминларзаи 7,7 ва 7,6 дараҷаӣ дар аввали моҳи феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия дар наздикии марз бо Сурия фурӯ рехт”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 феврали соли равон дар ҷанубу шарқи Туркия ва манотиқи марзии Сурия офати табиӣ рух дод. Ду заминларзаи шадид ҳазорҳо хонаро хароб карда, даҳҳо ҳазор нафарро ба ҳалокат расонд. Қувваи ҳодисаи фоҷиавии табиӣ 7,7 ва 7,6 баллро ташкил дод. Дар Туркия 50,8 ҳазор нафар ва дар Сурия 5,8 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 400 ҳазор суриягӣ дар натиҷаи офати табиӣ осеб диданд.

Наҷотдиҳандагон дар Сурия тавонистаанд 1500 нафарро зинда аз зери харобаҳо наҷот диҳанд. Ниҳоят, 100 рӯз пас аз офати табиӣ, рӯзи 16 май, дар Сурия як нафари дигар зинда пайдо шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мирзо 2023-05-17, 16:10
Муъҷизаи Худованд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мирзо 2023-05-17, 16:10
Муъҷизаи Худованд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД