Салом хонандагони сомонаи Оила. ТЧ
Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияташ мухлиси “Оила ҳастам ва ҳамеша дар ин сомона қиссаҳои гуногунро мутолиа мекунам. Аксари занҳои дуюм занҳои якумро таҳқир карда, даъво мекунанд, ки агар зан ягон айб наошта бошад, шавҳараш дар болояш зан намегирад. Маҳз ҳамин даъвои занҳои дуюм алами маро овард ва қарор додам сарнавишти худро ба шумо нақл кунам.
Ману шавҳарам 26-сол боз сар ба як болин мениҳем. Иқрор мешавам, ки мо бе ишқу муҳаббат, фақат ба хотири падару модарамон оиладор шуда будем. Шавҳарамро аввалин бор дар зери чодари арӯсӣ дида бошам ҳам, аз нигоҳи аввал дӯсташ доштам. Зиндагиамон дар оғоз камбағалона буд, ба қавле нони хӯрдан надоштем, аммо шавҳарамро ҳурмату эҳтиром менамудам. Аҳли оилаи шавҳарам аз ман ҳамеша розӣ буданд ва дар ҳаққам дои нек мекарданд, чунки хизматашонро ба ҷо меовардам ва ҳаргиз гапгардонию беэҳтиромӣ намекардам. Ҳамин тавр бо мурури солҳо соҳиби 4-фарзанд шудем-ду духтару ду писар! Кӯдаконам хурдсол бошанд ҳам, ҳаргиз нисбати шавҳарам бепарвоӣ зоҳир намекардам. Намегузоштам, ки хам шуда банди пойафзолашро бандад. Ӯро ҳамеша аз кӯдаконам дида зиёдтар навозиш мекардам. Ҳар рӯз аз кор баргаштанашро бесаброна интизор мешудам ва то сари дастурхон нашинад, хӯрок намехӯрдам. Аз забони рӯҳонии машҳур Ҳоҷӣ Мирзо шунида будам, ки агар ҳар оина саҷда кардан раво мебуд, занҳо ба шавҳарҳояшон саҷда мекарданд. Ҳамеша ҳамсарамро тоҷи сар намуда, кафи пояшро бӯса мекардам, зеро медонистам, ки ҳаққи шавҳар болотар аз ҳаққи волидон аст...
Ҳамеша хаёл мекардам, ки худованд маро соҳиби беҳтарин шавҳар кардааст, аммо хаёлам хом будааст. Мани сода соли 2019 фаҳмидам, ки шавҳарам 20-сол боз маро фиреб мекардаасту кайҳо дар болоям зан гирифтааст. Аз зани дуюмаш аллакай се фарзанд ҳам доштааст. Вақте ки аз хиёнати шавҳарам хабардор шудам, осмони ҳаётамро абри сиёҳ фаро гирифту зиндагӣ дар назарам тирату тор гашт.
Дигар хоҳиши бо ин марди бевафо зиндагӣ кардан надорам, охир чи хел бо шавҳаре, ки 20-соли дароз маро фиреб кардааст, ман боз сар ба як болин гузорам?!
Шавҳарам мегӯяд, ки ман хато карда, он занро ба никоҳам даровардам ва фақат ба хотири фарзандонаш, маҷбурӣ бо ӯ зиндагӣ мекунам, вале ман ба ӯ бовар надорам.
Ба зани дуюми шавҳарам гуфтаниям:
Файзигул! Ту барои пулу мол шуда, ба бағали марди зандор даромадӣ ва номусатро фурӯхтӣ. Шарм намедорӣ, ки худатро зӯран ба сари як марди зандор бор кардӣ? Ҳайронам, фарзандонат пурсанд, ки чаро падари ҳама ҳар шаб дар хонаашону падари мо дуздӣ-дуздӣ меояд, чи ҷавоб медиҳӣ? Ту ба зиндагии ман бинӣ халонда, ҳаёти ширинамро талх гардондӣ. Гумон накун, ки бо бахти дуздӣ хушбахт мешавӣ. Оқибат ягон рӯз худат ба чоҳи кандаат меафтӣ ва чӣ будани дарду ғамро мефаҳмӣ. Дуо мекунам, ки бо шавҳари дузидаат ҳеҷ гоҳ рӯзи некро набинӣ! Илоҳо фақат дар косаи ғам об нӯшию ҳеҷ гоҳ рӯзи беғамро набинӣ.
Ба шавҳарам гуфтаниям,ки Дилшодҷон, ту бароям азизтарин шахс будӣ. Аз ҳама чизе,ки дар дунё доштам, бароям ту болотар будӣ. Ҳаминро бидон, дар дунё ҳеҷ кас туро ба мисли ман дӯст намедошт. Дар сари ҷойнамоз Худоро зора мекардам,ки ҷони маро пеш аз ту гирад, то ин ки ман дарду ғами туро набинам. Афсӯс, он диле, ки бо тамоми ҳастиаш туро дӯст медошт, шикастӣ. Мегӯянд,ки ишқ ҳам намак дорад. Намаки ишқам кӯрат кунад, бевафо!
Имрӯз аз пушти ту барин мардони булҳавас санги маломат ба сари мо, занҳои якум мезанад. Медон ӣ чи қадар аламовар аст, вақте як зани кӯчагӣ “эй, агар ту зани хуб мешудӣ, шавҳарат дар болоят зан намегирифт” гуфта таҳқират мекунад. Ин гап мисли корд аз устухони кас мегузарад.
Шумо булҳавасҳо худро сафед карда “як зану як опелро любой гаранг дорад” мегӯед, вале фикр намекунед, ки агар занатон дар болои шумо шавҳар мекард, ба чӣ ҳол меафтидед. Худоё бо зани дуюмат ҳаргиз рӯзи беҳро набинӣ, бевафо!
Дар оъхир ба мардҳои дузанаю сезана гуфтаниям:
Оҳи дили зану фарзандони бегуноҳатон шуморо мегирад ва натанҳо дар ин дунё, балки дар қиёмат ҳам бо ин корҳоятон аз гӯр бо рӯйи сиёҳ мехезед, мардҳои занҷаллоб!
Асоева Д. 14.10.2020