Мегӯянд, ки вақте мард ҳамсарашро талоқ медиҳад, арши Худо ба ларза меояд. Дар ҳақиқат талоқ ва вайроншавии оила ҳам барои мард ва ҳам барои зан шикасти хеле бузург аст. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки мард дар сари қаҳр занашро талоқ дода, баъдан сахт пушаймон мешавад. Аз ҳамин сабаб, донистан мехостам, ки агар мард бе ягон шоҳид дар сари қаҳру ғазаб занашро талоқ дода, баъдан пушаймон шавад, талоқ воқеъ мегардад ё не?
МАВЛУДА, ш. Душанбе
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Оила муқаддас аст, барои ҳамин мард қабл аз оне, ки ин калимаи қисматсӯзро ба забон меорад, бояд оқибаташро фикр кунад, зеро талоқ ҷойи шӯхию бозӣ надорад. Сарфи назар аз он, ки дар шоҳидии дигарон ҳамсарашро талоқ додааст ё бе шоҳид, ҳамин ки калимаи “Талоқ” аз даҳони мард баромад, талоқ воқеъ мегардад ва пас аз ин, зану шавҳар барои ҳамдигар бегонаву номаҳрам мешаванд. Барои исботи талоқ шоҳид ҷустан зарурат надорад, худи мард эътироф кунад, ки дар ҳақиқат ин калимаро ба забон оварда, занашро талоқ додааст, сарфи назар аз он ки пушаймон шудааст ё не, талоқ воқеъ гашта, минбаъд зери як бом зистан ва сар дар як болин ниҳодани он мард ва он зан раво нест. Албатта мардҳое ҳастанд, ки баъди як талоқ додани ҳамсарашон ба хотири фарзандонашон бо зани худашон аз нав никоҳ мекунанд, вале ин ба табъи ҳар як инсон вобастагӣ дорад. Дар сурати се талоқ додани зан никоҳи онҳо дигар раво нест, ба ҷуз ҳалола, ки онро на ҳар мард қабул карда метавонад.