Се сол пеш май менӯшидам, баъдан дар диспансери пойтахт табобат кардам. Ба наздикӣ як бегоҳ май нўшида, ба хона омадам, дигар ҳеҷ чиз дар хотирам нест. Саҳар ҳамсарам гуфт, ки байни мо ҷанҷол шудааст ва гӯё ман ба ў гуфта бошам, ки ”ту ба ман даркор нестӣ, туро ҷавоб додагиам”. Аз назари Ислом ин масъала чӣ ҳал дорад?
МАНУЧЕҲР, ш. Душанбе
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Бародари азиз, борҳову борҳо гуфтаву навиштаем, ки бо калимаҳои “Ҷавоб додам” ва “талоқ” шӯхӣ кардан лозим нест, ин масъалаҳо бисёр нозуканд. Шумо бо ҳамсаратон бояд ба Раёсати фатвои Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Уламо қазияи шуморо баррасӣ мекунанд.