Sebiston new 2024 october
Мард пули сафари ҳаҷашро хайр кард
642

Дар арафаи таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбон Хизралӣ Мавлонов, сокини деҳаи Яхшори ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо маблағи барои ҳаҷ ҷудокардааш пули дарозиаш 10 метр ва бараш 3,5 метрро дар ин деҳа сохта ба истифода дод. Дар ин бора рӯзноманигор Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ бо нашри видеое дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.

Дар рафти кушодашавии пули мазкур Юсуф Шоҳиён, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Зафар Гулзода, раиси ноҳия иштирок намуданд.

Пеш аз ҳама, сулҳу суботи комил дар Ватан аст, ки имрӯзҳо ҳазорҳо нафар тоҷикон барои сафари Ҳаҷ мераванд. Ман ҳадаф гузоштам, ки бар ивази Ҳаҷ чунин кори хайрро ба сомон расонам. Ман ба сокинони бошарафи Тоҷикистони азиз муроҷиат карданиам, шахсоне, ки қувват ва дороиву тавоноӣ доранд, ба ҷойи рафтан ба Ҳаҷ, ба ободкорӣ дар Ватан машғул шаванд. Мактаб сохтан, роҳ сохтан, ё оби нӯшокӣ баровардан ба гурӯҳи садақаи ҷория дохил мешавад”, - иброз доштааст Хизралӣ Мавлонов зимни суҳбат.

Манбаъ навиштааст, Хизралӣ имсол бо хоҳиши худ ва дастгирии фарзандонаш бояд сафари Ҳаҷ мекард, аммо аз азмаш баргашт ва кореро ба сомон расонид, ки мардуми деҳааш ба он эҳтиёҷ доштанд. Ӯ маблағи сафари ҳаҷро барои ободонии деҳа ва бартарафсозии мушкилоти ҳамсояҳояш харҷ кард.

Ин марди шариф барои бунёди ин пул беш аз 30 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Ин пул, ки роҳи сокинони деҳаашро бо деҳаҳои ҳамсоя - Вағлел ва Оҳангарон пайванд месозад, то ҳол танҳо одамгузар буд. Инчунин, он пули пешинаи чӯбин чанде пеш шикаста шуда буду мардум азоб доштанд.

Ба гуфти сокинони деҳаи Яхшор 35 сол мешавад, ки пули одамгузар барои онҳо хизмат мекунад ва ҳар сол аз тарафи сокинони се деҳа онро таъмир мекарданд, аммо бенатиҷа буд ва қариб ҳар сол шикаста мешуд.
Дар тӯли 35 сол сокинони деҳаҳои болозикр маводди озуқаворӣ ва борҷомаҳои худро то назди пули одамгузар оварда, аз ин тарафи пул то деҳаҳои Яхшор, Вағлел ва Оҳангарон, ки масофаи 7 то 10 километрро дар бар мегирад, тариқи ҳайвонҳои боркаш мебурданд. Хизралӣ ният дорад роҳеро, ки аз маркази деҳаи Лангардара то Яхшор мерасад, пурра сангфарш намояд.

Бузургони мо мегуфтанд, ки пеш аз сафари Ҳаҷ бояд аз ҳолу аҳволи 40 нафар ҳамсояи худ хабардор шавӣ, розигиашонро ба даст орӣ ва баъд рахти сафар бандӣ. Аз ин рӯ, аввал мушкилоти ҳамсояҳои худро бояд ҳал кунем, як гӯшаи Ватанро обод созем ва баъд ба сафари Ҳаҷ бароем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД