Як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон пораи ҷигарашро ба ҳамсараш додааст.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, марди фидокор Муҳаммадӣ Лолахонов ном дошта, ба хотири наҷот додани ҳамсараш пораи узви ҳаётан муҳим-ҷигарашро ба занаш додааст.
Ҷарроҳии мазкур дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсонии вазорат гузашта, айни замон ҳолати беморон қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Дар як навори видеоӣ худи Муҳаммадӣ Лолахонов ва ҳамсараш мегӯянд, вазъи саломатиашон хуб аст.
“Ман ҳамсарамро нағз мебинам. Мехоҳам садсолаҳо болои сари фарзандонам саломат бошад", - мегӯяд ин шавҳари фидокор.
Ба ҳамсараш як пораи узви худро додани мардон дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир буда, амали Маҳмадалӣ Лолахонов лоиқи ситоиш мебошад.