Як сокини 44-солаи кӯчаи ба номи А. Бобоҷонови ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар ҳолати мастӣ ғайри ихтиёр манзили зисти худашро оташ зада, аз дӯди ғализ ба ҳалокат расидааст.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ додааст, мард дар натиҷаи сӯхтани кӯрпачаи хонааш бар асари дӯди ғализ ба ҳалокат расидааст.
Ҳодиса субҳи 22-уми октябр, дар ҷамоати деҳоти Ғозиён рӯй додааст ва таври ки манбаъ мегӯяд, ин марди 44-сола дар ҳоли мастӣ сигор кашида, хобаш бурдааст. Аз сигори дар дасташ буда оташпора ба рӯйи кӯрпача афтида, рӯйҷо оташ мегирад.
Мард бо сабаби мастӣ худро ҳушёр карда натавониста, бар асари нафас кашидани дӯди ғализ дар хобаш ба ҳалокат расидааст.
Зану фарзанди марҳум дар Русия буда, мард дар хонааш танҳо зиндагӣ мекардааст.