arzon replenishment
Мард қасам хӯрад, занаш талоқ мешавад?
27.02.2022
Оила
3366

Шавҳарам ҳар рӯз майнӯшӣ карда, ҷони маро ба лабам мерасонд. Баъди ҷангу ҷанҷолҳои зиёд қасам хӯрд, ки агар бори дигар шароб нӯшам, зиндагиам бо ту ҳаром, аммо чанде нагузашта, боз нӯшиданро сар кард. Оё ин талоқ ба ҳисоб меравад?
Бону, ш. Хуҷанд.

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Мард ба занаш гӯяд, ки агар ман фалон корро кунам, зиндагиам бо ту ҳаром ва ё ту бар ман ҳаром, дар ин ҳолат нияти мард эътибор дорад. Ин суханро бо мақсади талоқ гуфта бошад, як талоқ воқеъ мешавад, вале ба хотири ҳамхобагӣ ин каломро ба забон оварда бошад, метавонад ба миқдори муайян садақа дода, зиндагиашро идома диҳад.
Дар Сураи Муҷодала миқдори хайр (каффораи зиҳор) баён шудааст: аввал: озод кардани як ғулом аст. Ба ин қодир набошад, ду моҳ пай дар пай рӯза мегирад. Ба ин низ қодир набошад, 60 мискинро таом диҳад. Мард ба ин гуфтааш чизеро ният накунад, дар ин ҳолат барояш каффораи қасам лозим мешавад. Каффораи қасам озод кардани як ғулом, таом додан ё пӯшок додан ба даҳ мискин аст. Ба ин қодир набошад, 3 рӯз рӯза медорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД