22 сол дораму донишҷӯ ҳастам. Мехоҳам интернет -мағозаи онлайн кушода, барои худам даромади иловагӣ пайдо кунам.
Агар чунин мағоза кушоям, бояд андоз супорам? Маълумоти муфассал медодед.
Ш, донишҷӯ.
Тибқи Кодекси андози ҶТ андозсупоранда - шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо, ки фаъолияти иқтисодиро новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, намуди фаъолият, тобеият ва шакли моликият ва ё объекти андозбандӣ амалӣ менамоянд ва ба зиммааш тибқи қонунгузории андоз уҳдадории пардохти андозҳо, боҷи давлатӣ ва пардохтҳо вогузор шудааст. Ҳангоми мағозаи онлайн кушодан шумо дорои даромад ва фоида мегардед ва ин фаъолити соҳибкорӣ ҳисобида мешавад. Тибқи қонун бояд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, андози қонун муайяннамударо супоред.