Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зиёд намудани андозаи нафақа, маоши амалкунандаи хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ ва стипендияҳоро иқдом карданд.
Бинобар ин, 9 январи соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо» таҳти №671 ба имзо расид.
Тибқи фармон, маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд.
Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда шуд. Андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳамзамон бо ин, дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.