Formula novemver 2024
Мақомоти васоят ва парасторӣ чӣ уҳдадорӣ доранд?
05.08.2023
ОИЛА
911


Барои ба расмият даровардани фарзандхонии кӯдак, мақомоти васоят ва парасторӣ кадом намуд хулосаро ба суд пешниҳод менамоянд?

Фируза, шаҳри Хуҷанд.

То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.

Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне (шахсе), ки кўдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кўдак маълумот диҳанд. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторӣ ва номгўи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ муайян мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД