Шукрона Мадиева, мураббияи Муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” эълон гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, маросими ҷамъбастии озмун дар маҷлисгоҳи вазорат бо иштироки Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, аъзои кумитаи тадорукот, ҳайати ҳакамон, рӯзноманигорон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун сурат гирифт.
Раҳим Саидзода дар бораи таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, махсусан, самти таҳсилоти томактабӣ сухан намуда, хулосаи ҳакамон ва фармоиши вазири маориф ва илмро дар бораи эълон шудани ғолиби озмун ва қадршиносии иштирокчиён қироат намуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз санаи 21-ум то 23-юми сентябри соли ҷорӣ озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” баргузор гардид, ки дар он 5 нафар: Мастура Алимзода - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №24-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Марҳабо Бобоҷонова - мураббияи кӯдакистони №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Фариза Ғафурова - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и шаҳри Ҳисор, Шукрона Мадиева - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Саврина Оҷибангиева - мураббияи кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуда, аз рӯйи шаш шарт ҳунару маҳорати худро санҷиданд.
Ба навиштаи маркази матбуоти вазорат маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби озмун 30 сентябр зимни таҷлили Рӯзи омӯзгор баргузор мегардад.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2022 мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода дар Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” маҳорату малакаи хуби касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва мукофотпулӣ ба миқдори 5 000 сомонӣ гардида буд.