Мануэл Микаллер, Сафири навитаъини Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти хабарӣ ба саволи мухбири сомонаи “Оила.тҷ” дар мавриди рӯи даст гирифтани ташаббусу барномаҳо оид ба дастгирии занони тоҷик гуфт, вақте ба Тоҷикистон омад, аввал бо занони ҳунарманду соҳибкори ин кишвари дӯст дидор дид.
“Сафорати Амрико бо баргузории як намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ анҷоми моҳи корнамоии занонро таҷлил кард. Ман бевосита дар намоишгоҳ бо занони соҳибкори маҳаллӣ мулоқот карда, бо харидани маҳсулоти дастсоз ҳунармандони маҳаллиро дастгирӣ кардам. Мо ҳамеша омодаем, ки тиҷорати хурди занонро дастгирӣ кунем”, - гуфт ҷаноби Сафир зимни посух ба савол.
ИНЧУНИН, ХОНЕД:
Мавсуф таъкид кард, ки Ҳукумати Амрико ҳамеша занони тоҷикро дастгирӣ намуда, талош мекунад, ки ба воситаи лоиҳаҳои грантӣ ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути густариш додани иқтидори занон ва ташкили фаъолияти хуби соҳибкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ муваффақ шавад. Инчунин, Сафорат ба баробарии гендерӣ ва васеъ гардонидани ҳуқуқу имкониятҳои занон мусоидат намуда, занонеро, ки хоҳиши шурўи фаъолияти соҳибкории хурд доранд, рўҳбаланд сохта, дастгирӣ менамояд.
"Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ки минбаъд аз нақши фаъоли занон дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ҷонибдорӣ хоҳад кард", - гуфт Сафир дар анҷоми посухаш.