sebiston july new
Ману кундошам талоқ шудем?
11.03.2022
Оила
2934

Салом ба муштариёни сомонаи Оила. Дар як масъалаи хеле муҳим ва тақдирсол назари шуморо донистан мехоҳам. Ману шавҳарам 11 сол зиндагӣ карда, оқибат бо сабаби бефарзандӣ аз ҳам ҷудо шудем. Тақдир маро бо марди дигаре ҳамхона кард. Шавҳари дуюмам зану фарзанд дошт ва пеш аз никоҳ бо хонаи ҳалолаш қасам хӯрд, ки маро нағз нигоҳубин мекунад. Дар шаш сол соҳиби ду фарзанд гаштем. Духтарони шавҳарам доим дар хонаи ман меистанд. Мо иҷора мешинем, шавҳарам танҳо иҷорапулиро медиҳаду халос, дигар тамоми бори зиндагӣ танҳо бар дӯши ман аст. Аз як сӯ хӯрондану пӯшонидани фарзандони худаму аз шавҳарам, аз ҷониби дигар пули барқу обу дигар хароҷотҳо ҷонамро ба лабам мерасонад. Борҳо гуфтам, ки ҷавоби маро деҳ, дигар тоби вазниниҳои зиндагиро надорам, аммо мардакам худдорӣ мекард. Дирӯз боз гапамон гурехту талоқ талаб кардам. Шавҳарам ба ғазаб омада дод зад: «Ҷавоби туро барвақт додам!»
Мехоҳам донам, ки байни мо талоқ афтидааст ё не? Шавҳарам бо зану хонаи ҳалолаш қасам хӯрда буд, ки маро хуб нигоҳубин мекунад ва то дами марг намепартояд, ҳоло ки қасамашро шикаста маро талоқ дод, магар зани якумаш ҳам талоқ намешавад?
Муштарии «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД