arzon replenishment
МАНИЖАИ САНГИН БОЗ РЕКОРД НИШОН ДОД
1728

Суруди Russian Woman - и Манижа Сангин аз миёни ҳамаи ширкаткунандагони Евровидение - 2021 маъруфтарин гардид.

Намоҳанги Манижа Сангин ба суруди Russian Woman дар байни иштирокчиёни озмуни байналмилалии Евровидение - 2021 рекорди нав гузошт.
Бори аввал навори суруди Russian Woman дар шабакаи расмии Евровидение дар YouTube, рӯзи 10 март пайдо шуд.

Дар тӯли камтар аз як моҳ намоҳанги Манижаро беш аз 7,1 миллион маротиба тамошо кардаанд. Ин нишондиҳанда дар байни дигар иштирокчиёни Евроивдение - 2021 рекордӣ шуд.
Ҳамин тариқ, пешгоми пешгӯиҳои букмекерӣ - сарояндаи малтаӣ Destiny, ки суруди Je Me Casse -ро дар озмун муаррифӣ мекунад, ҳамагӣ 2,8 миллион тамошобин дорад.

Суруди намояндаи Швейтсария Gjon бо суруди Tout l'univers, ки ҷои дуввум ба ӯ пешгӯӣ шудааст, ҳамагӣ 1,9 миллион тамошобин дорад.
Сароянда аз Фаронса Барбара Прави (суруди Voilà), ки тибқи пешгӯиҳо бояд мақоми сеюм гирад, ҳатто миллион тамошобин ҳам нагирифтааст.
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия, аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии шунавандагон дар доираи интихоби миллӣ ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 интихоб шуд.

Ин озмуни бонуфуз имсол дар Роттердам аз 18 то 22 май баргузор мешавад.
Бархе аз шаҳрвандони Русия дар портали Change.org петсиатсия нашр кардаанд ва талаб доранд, ки Манижа аз иштирок дар Eurovision маҳрум карда шавад.
Баъдтар, ба Кумитаи тафтишот бо дархости санҷиши матн дар асоси экстремизм ариза ворид шуд.

Букмекерҳои байналмилалӣ барои Манижа бо суруди Russian Woman танҳо ҷои 14 пешгӯӣ мекунанд.
Бознашр аз Спутник.тч

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД