Манижаи Давлат шуморо гӯш мекунад!
Замоне “Оила” Манижаро бо мухлисонаш мепайваст
Манижаи Давлат-бонуи фариштарӯй ва фариштахӯйе, ки бо симои малакутӣ, садои ширадор ва маҳорати нотакрораш дар санъати эстрадии тоҷик ба маънои томаш инқилоби ҳунарӣ карда буд.
Зуҳури Манижа дар саҳнаи ҳунари тоҷик воқеан як тазоҳуроти фарҳангӣ буд, зеро ҳар як таронае, ки ин духтараки резаҷуссаи камонабрӯ месуруд, дарҳол ба дили хурду калон роҳ ёфта, вирди забони мардум мегашт, ва ба қавле “хит” мешуд.
Мардум Манижаро хеле самимонаю содиқона дӯст медоштанд, пиронсолон ӯро духтарам садо мекарданд, ҷавонон хоҳар мехонданд, хурдтаракон бошад, апаҷон гӯён, дар атрофаш ба мисли парвонаҳо пар-пар мезаданд.
Манижа танҳо як ҳунарманд, фақат як ситораи духтархош не, азизи дили мардумон гашта буд ва меҳраш то ба имрӯз аз дили хурду калон нарафтаасту намеравад.
Қабл аз Манижа ва баъди Манижа низ даҳҳо зебосанамҳо дар саҳна ҷилванамоӣ карданд, соҳиби нону ном гаштанд, аммо ҳеҷ кас то кунун ҷойи холии Манижаи Давлатро дар саҳна пур карда натавонист.
Манижа вақти дар қуллаи ҳунар қарор доштанаш бо ҳафтаномаи “Оила” ҳамкории зич дошт ва ҳатто замоне ба сифати хабарнигори “Оила” фаълият намуда, маводҳои бисёр ҷлиб ва хонданӣ менавишт. “Оила” пуле гашта буд, ки Манижаро бо мухлисонаш мепайваст.
Редаксияи Оила” зуд-зуд мулоқоти зебосанамро бо ҳаводоронаш ташкил мекард. Бо шунидани хабари мулоқот бо Манижаи Давлат садҳо нафар ҳаводорони ҳунараш аз дуру наздик ба редаксия меомаданд, то ба саволҳои худ ҷавоб бигиранд ва лаҳзае чанд бо Манижа бошанд. Мулокоти мухлисон бо Манижаи Давлат дар редаксия баъзан то як поси шаб тӯл мекашид, зеро зимни ҳар як мулоқот то 300-400 савол меомад ва Манижа ба тамоми саволҳои мухлисонаш ҷавоб мегуфт.
Сомонаи Оила. ТЧ ҳамчун рамзи эҳтиром ба шахсияти Манижаи Давлат ҳамчун як ҳунарманди асил имрӯз 10 акси хотиравиро аз он мулоқотҳо ба дилбохтагони ҳунари Манижа пешкаш намуд.
Ф. Сатторӣ