Санаи 2-юми декабр дар меҳмонхонаи Asia Grand Hotel бо иштироки сарояндаи маъруф Манижа Сангин, продюссер ва модараш Наҷиба Усмонова, директори Бунёди SILSILA Анастасия Бабичева дар доираи “Маъракаи 16-рӯзаи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ”, ки аз 25 ноябр то 10-уми декабр идома дорад, тренинг барои кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба гуруҳҳои осебпазири занону духтарон дар ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мусоидат мекунад, оғоз гардид.
Тавре меҳмонони чорабинӣ ва ҳаммуассисони Бунёди SILSILA қайд намуданд, ҳадаф аз бунёди фонди мазкур дастгирӣ ва ҳимояи афроди дар шароити душвори зиндагӣ қарордошта аст, ки ба масъалаҳои кумаки равонӣ ва ҳуқуқӣ ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ, гурезагон ва муҳоҷирон сарукор дорад.
Манижа Сангин зимни суханронияш қайд намуд, ки яке аз сарчашмаҳои асосии сар задани хушунати гендерӣ пеш аз ҳама ба муҳити ҷомеа марбут аст, зеро духтаронро аз хурдӣ ба таҳаммулпазирӣ ва сабру тоқат кардан даъват мекунанд, ин омил боиси реша давондани зӯроварӣ ва хушунат мегардад, зеро зан барои талаб ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ омода нест.
-Чандин сол аст, ки мо дар ҳудуди Осиёи Миёна ва Қафқоз саёҳат намуда, бо ташкилотҳои ҷамъиятие вомехӯрем, ки ба гуруҳҳои осебпазири занону духтарон дар ҳифзи ҳуқуқи онҳо мусоидат мекунанд, дар масъалаҳои нобаробарии гендерӣ, хушунати гендерӣ аз таҷрибаҳои худ табодули назар намуда, ҳамкорӣ менамоем.
Бунёди SILSILA 25 ноябри соли 2021 фаъолияти худро оғоз намудааст, вале ману модарам хеле барвақт дар пояи созмон додани чунин як фонд бо мушкилоти хушунати оилавӣ, хушунат нисбати муҳоҷирон ва гурезаҳо машғул будем.
Ман ҳамчун сафири иродаи неки СММ дар умури паноҳандагон зимни фаъолияти худ борҳо бо гуруҳҳои осебпазири ҷомеа аз қабили нафарони бе шаҳрвандӣ, гурезаҳо, аз он ҷумла муҳоҷирон сару кор доштам.
Идеяи созмон додани Бунёди SILSILA аз таҷрибаи шахсии мо пайдо шудааст, баъд аз ҷангҳои шаҳрвандии Тоҷикистон нафарони зиёде наздикону хонаҳои худро аз даст доданд, баъзеҳо гуреза шуданду рафтанд. Оилаи мо низ дар қатори дигарон кишварро тарк намуда, ба ҷои бе хатар кӯч баст.
Он солҳо барои мо хеле душвор буд, зеро ман муддати 15 сол шиносномаи Русияро надоштам ва як муҳоҷирдухтар дар ҳудуди Федератсияи Русия ба шумор мерафтам.
Модари ман ҳама чизашро он солҳо дар зодгоҳ аз даст дод ва зиндагиро аз сифр оғоз намуд. Агар ҳамон солҳо мо иттилоъ ва дастрасии бештар ба ташкилотҳое медоштем, ки ба мо кумак расонида метавонистанд, фикр мекунам, мо зудтар ба ҳадаф мерасидем.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо тасмим гирифтем фонди мазкурро созмон диҳем, то ки ба нафарони дар ҳолатҳои вазнинтарину сангин қарордошта кумак расонем.
Айни замон ташкилоти мо бештар ба масъалаҳои хушунати оилавӣ, ба гуруҳҳои осебпазири ҷомеа, гурезаҳо, муҳоҷирон, нафарони бе шаҳрвандӣ ва ба нозукиҳои урфу одати фарҳанги шарқиёна сару кор дорад.
Ман фикр мекунам, ки зимни кор бо нафарони ниёзманд пеш аз ҳама фарҳангу маданияти шахсро ба инобат гирифтан лозим аст. Ман худ зодаи Тоҷикистон ҳастам ва мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардаам, зеро касберо, ки ман интихоб намудам, дар шарқ онро чандон хуш қабул надоранд.
Ман хушунати оилавиро дар зиндагии атрофиёнам медидам, ки занҳои тоҷик онро аз чашми ҳамсоя пинҳон мекарданду ба волидони худ намегуфтанд.
Ҳолатҳоеро низ шоҳид будам, ки волидон бо вуҷуди донистани азобу шиканҷаи духтари худ ӯро ба сабру таҳаммул даъват мекарданд. Мо оилавайрон шудани касеро намехоҳем, балки ҷонибдори арзишҳои оиладорӣ ҳастем.
Мо ҷонибдори онем, ки одамон зиндагии осоишта дошта бошанд, дар фазои ишқу муҳаббат, озодонаву хушбахтона умр ба сар бубаранд. Чунин аст ҳадафи ташкилоти мо. Тамоми кормандони мо бо назардошти фарҳангу маданияти ҳар нафар кумаки ҳуқуқӣ ва равониро бо забони модарии ниёзмандон ба роҳ мемонанд, -гуфт зимни суханронияш Манижа Сангин.
Наҷиба Усманова ҳаммуассиси Бунёди SILSILA зимни суханронияш қайд намуд, ки айни замон фонди мазкур ба муҳоҷирон бештар кумак мерасонад. Наҷиба Усмонова дар суханрониаш бештар аз душвориҳои занони муҳоҷир нигаронӣ кард:
-Вақте ки мардони муҳоҷир барои дар Русия кору фаъолият кардан иҷозатномаи кор гирифта, патент месупоранд, ба хотири он ки маблағ сарфа шавад, барои занҳои худ ҳуҷҷат намегиранд ва зани бечора аз хона намебарояд. Зани муҳоҷир наметавонад ба духтур муроҷиат кунад ё дар ҳолати зарурӣ ба милитсия шикоят барад, зеро ӯ ҳуҷҷат надорад.
Мо солҳои охир бештар ба чунин занон кӯмак мекунем. Ҳамзамон тасмим гирифтем, ки буклети маълумотдиҳӣ нашр кунем ва дар тайёраҳо ба муҳоҷирон тақсим намоем. Дар ин буклетҳо телефони боварии ташкилотҳои кумак ба муҳоҷирон навишта мешавад, то ки муҳоҷирон дар ҳолати дучор омадан ба мушкилот ба онҳо муроҷиат кунанд.
Дар идомаи тренинг фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Наргис Бобоева ва Лариса Александрова оид ба вазъи баробарии гендерӣ суҳбат карданд. Зикр гардид, ки зӯроварӣ алайҳи занон ва духтарон, аз ҷумла хушунати хонаводагӣ дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст ва вазъ пас аз пандемияи COVID-19 бадтар гардидааст.
Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” як шарики глобалӣ ва бисёрсола байни ИА ва СММ барои хотима бахшидан ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон аст, ки ҳадафи он коҳиш додани тамоюлҳои манфии хушунат алайҳи занон ва духтарон бо сармоягузориҳо ва роҳҳои ҳалли қавӣ мебошад.