Arzon march 2024
Манижа дар Тоҷикистон консерт мегузаронад!
596

 

Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон, ки соли гузашта дар озмуни “Евровидение” Русияро муаррифӣ намуда буд, қарор аст, аввалин маротиба дар Душанбе консерт диҳад.

Дар саҳифаи расмии худ дар ин маврид хабар додааст. Рӯзи 9-уми октябр консерти Манижа, дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мегардад. Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, аз моҳи сентябр ба сафари ҳунарӣ мебарояд ва дар Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон ҳам консерт барпо мекунад. Ин барномаи ӯ, дар доираи як сафари ҳунарияш ба 6 кишвар доир мешавад.

Ин овозхони тоҷикбтабори шаҳрванди Русия мисли бархе ҳунармандони рус барои мухолифат ба ҷанги Украина дар феҳрасти сарояндаҳои “номатлуб” ҷой гирифта, ташкили консерту ширкаташ дар чанд озмуни мусиқӣ дар ин кившар манъ шуд. Ҳатто консерте, ки бояд моҳи и моҳи июл дар Маскав баргузор мекард, манъ гардид, вале Манижа ин барои мухлисонаш дар Ютюб консерти онлание бо номи “Мусиқии лағвнашаванда” ташкил кард.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД