Formula novemver 2024
МАНЪИ ТЕЛЕФОНҲОИ СЕНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ!
471

Бо тасмими раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз оғози соли нави таҳсил, яъне аз 1-сентябри соли 2024 аз ҷониби донишҷӯён истифодаи телефонҳои сенсории смартфон дар раванди таълим ва ҳудуди донишгоҳ қатъиян манъ карда мешавад. Дар ин бора дар саҳафаи расмии донишгоҳи мазкур хабар дода шудааст.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ дар синфхонаҳои таълимӣ ба раванди азхудкунӣ ва донишандӯзии донишҷӯён халал ворид намуда, сифати дарсҳо ва машғулиятҳои таълимию тарбиявии омӯзгоронро коста мегардонад. Дар баробари ин, тамошои мунтазами наворҳои видеоии сомонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ, ки хусусияти ифротгароёна, террористиву экстремистӣ ва ғайриахлоқиву дур аз фарҳангӣ миллӣ доранд, ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад”-омадааст дар хабар.

Новобаста аз он ки истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим дар асоси як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», манъ карда шудааст, вақтҳои охир назорати иҷрои муқаррароти мазкур ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, тасмими раёсати донишгоҳ дар мавриди манъ намудани истифодаи телефонҳои мобилии сенсории смартфон дар раванди таълим ва дар ҳудуди донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён амали саривақтӣ буда, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассиса мусоидат менамояд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз волидайни донишҷӯён даъват ба амал овардааст, ки бидуни телефонҳои мобилии сенсорӣ ба дарс ҳозир шудани фарзандони худро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД