Санаи 14-уми январ қалби Саодат Амиршоева, аввалин генералзани тоҷик дар синни 73-солагӣ аз тапидан бозмонд. Ӯ яке аз маъруфтарин бонувони кишвар буд, ки барои ҳуқуқи занон талош мекард. Дар ин матлаб ёде аз ин бонуи шуҷоъ мекунем.
Саодат Амиршоева 10-уми ноябри соли 1953 дар деҳаи Парнаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, соли 1978 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1972-75 нотариуси давлатии Идораи 2-юми нотариалии ш. Душанбе ва сипас ба ҳайси сарнотариус дар Идораи 1-уми нотариалии ш. Кӯлоб кор карда, солҳои 1987-93 судяи суди халқии шаҳри Кӯлоб ва аз соли 1993 то 2008 сардори идораи адлияи вилояти Хатлон буд. Аз соли 2008 то 2015 Саодат Амиршоева вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон буд. Пас аз бознишаста шудан ҳамчун адвокат фаъолият мекард. Саодат Амиршоева, аввалин генералзани тоҷик, ки ҳанӯз соли 1999 соҳиби унвони мушовири давлатии адлияи дараҷаи шуда буд.
Саодат Амиршоева бо мухолифатҳояш бо бисёрзанӣ, никоҳи хешутаборӣ ва ба шаҳрвандони хориҷӣ оила барпо кардани духтарони тоҷик маъруф буд.
Ӯ ҳамеша ба шаҳрвандони хориҷӣ шавҳар кардани духатрони тоҷикро маҳкум мекард. Ба ақидаи генерал Амиршоева, занону духтарони тоҷик ба хотири сарвату пул шавҳари хориҷӣ мекунанд, вале ин “барои ояндаи миллат хатарнок аст”. Ӯ дар замони дар вилояти Хатлон кор карданаш ҳам гуфта буд, ки “то вақте ки дар сари вазифаам ба ягон никоҳи занону духтарони тоҷик бо хитоиҳо иҷозат намедиҳам”.
Аммо дар посух ба суоли хабарнигори “Азия плюс”, ки чаро замони вакили Маҷлиси намояндагон буданаш пешниҳоди манъи никоҳ бо хориҷиёнро ба парлумон пешниҳод ва қонунӣ накард, Саодат Амиршоева эътироф кард, ки ин пешниҳод қабул намешуд: “Агар ин пешниҳодро ба парлумон манзур мекардам, қабул намешуд, чунки он хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст. Дар қонунҳои байналмилалӣ озодии никоҳи байни мардум кафолат дода шудааст”.
Яке дигар аз ташаббусҳои пурсарусадои даврони вакилии Саодат Амиршоева манъи никоҳҳои хешутаборӣ буд.
Саодат Амиршоева мегӯяд, гузашти вақт нишон дод, ки манъи никоҳҳои хешу таборӣ тасмими дуруст буд: “Соли 2012 буд ва вақте ба шӯрои парлумон пешниҳод кардам ду се нафар зид баромаданд. Вале ман пас нагаштам, бо ишора ба баъзеи онҳо гуфтам, ки ин чиз байни мансабдорону сарватмандон зиёд аст ва ҳоло бархе онҳо шарм мекунанд ва метарсанд, ки ин масъала қабул шавад. Ба гузашта салавот, касе дигар онҳоро гунаҳкор намекунад, қонун қувваи бозгашт надорад. Аммо ояндаи миллатро бояд наҷот дод ва тавре бояд амал кард, ки тоҷик дигар фарзанди маъюб таваллуд накунад. Дар акси ҳол, фарзандони маъюби онҳо ба гардани давлат меафтад. Бисёр тунд рафта будам ва ҳатто муллоҳо ба сарам хестанд. Баъдан, аз ҷониби раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон супориш шуд, ки дар байни мардум кор кунед, пешниҳоди мардумро гӯш карда, баъд қонунро қабул кунед. Мо таҷрибаи дигар кишварҳоро дар робита ба ин масъала баррасӣ кардем. Бояд пеш аз ҳама ояндаи солимии фарзандонамонро фикр кунем. Хушбахтӣ ва тансиҳатии фарзандонамонро фикр кунем. Як фарзанд маъюб таваллуд шавад, тамоми оила дар ғаму ғусса мемонанд. Пайғамбарамон Муҳаммад (с) ҳам мегӯянд, ки “Бо бегонагон хеш шавед, то қавматон зиёд шавад”.
Маълум шуд ки ҳатто дар Ӯзбекистони ҳамсоя чунин қонуне ҳаст. Баъди ин маълум кардем, ки ҳанӯз соли 1998 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4, вақте ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ташриф меорад, аҳолиро насиҳат мекунад, ки хешу табори якдигарро нагиранд. Воқеан, баъди ин дар ВМКБ никоҳи хешутаборӣ хеле кам ба назар мерасид”.
Саодат Амиршоева зане буд бо иродаи қавӣ ва рӯҳи мубориз дошт.
Ёдаш ба хайр ин зани бузургро!
О. СОҲИБОВ