toyota motors
“Манчестер Сити” дастаи “Арсенал”-ро шикаст дод
21.04.2026
Oila.tj
45

Дар даври 33-юми Премйер-лигаи Англия мавсими 2025/2026 дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Арсенал” бо ҳам рақобат карданд. Ин дидор дар варзишгоҳи “Иттиҳод” баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ҳисобро дар дақиқаи 16-ум Райан Шерки кушода, “шаҳриҳо”-ро ба пеш баровард. Аммо ҳамагӣ баъд аз ду дақиқа Кай Хавертс аз иштибоҳи дарвозабон Ҷанлуиҷи Доннарумма истифода бурда, ҳисобро баробар кард.

Дар дақиқаи 65-ум ҳамлагари норвегӣ Эрлинг Ҳоланд голи дуюми “Манчестер Сити”-ро ба самар расонд, ки ин гол пирӯзиро ба дастааш таъмин кард.

Пас аз ин бозӣ “Манчестер Сити” бо 67 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. “Арсенал” бошад, бо 70 имтиёз пешсафи чемпионат боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки “шаҳриҳо” як бозии захиравӣ низ доранд.

Дар даври навбатӣ “Манчестер Сити” рӯзи 22-юми апрел дар меҳмонӣ бо “Бёрнли” бозӣ мекунад. “Арсенал” бошад, 25-уми апрел дар майдони худ “Нюкасл Юнайтед”-ро қабул хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД