Sebiston new 2024 october
Ман ғуломи шумо нестам!
12.06.2020
оила
2684

Медонам, ки сомонаи «Оила»- ро ҳама мехонанд, хусусан хонаводаи ҳамсарам ҳамеша дар фейсбуканд, аз ҳамин хотир дарди диламро ба ин сомона навиштам, то хусуру хушдоманам хонда, андаке сар ба ҷайби андеша бикашанд.

Хусурам Назаршо ва хушдоманам Моҳбибӣ одамони бад нестанд, вале баъди он, ки духтарашонро ба занӣ гирифтам, маро якбора ғулом карда гирифтанд. Рӯзе набуд, ки занг зада ягон кор нафармоянд. Хушдоманам як рӯз “домодҷон, касе нест, ки бароямон хӯрок пазад, ҳамроҳи Оишаҷон ба хона биёед” мегуфту рӯзи дигар “фасли сармо омада истодаасту мо як дона алобӣ надорем, омада дарахтҳои рӯйи ҳавлиро чаппа карда, ҳезум тайёр карда монед” гӯён, ҷонамро ба лабам меовард. Бо дили нохоҳам ҳамроҳи занам ба хонаи хусурам рафта, фармудаашонро иҷро карда, бегоҳ ба хонаи худамон бар мегаштам ва мавриди мазоқу масхараи бародаронам қарор мегирифтам. Акаҳоям “хусуру хушдоманаш ин бачаро хар карда гирифтаанд” гӯён, ба захмҳои сӯзони дилам намак мепошиданд. Модарам тез-тез дар танҳоӣ маро наздашон шинонда насиҳат мекарданд: “Аз онҳо қарздор набошӣ, муттаҳам набошӣ, чаро ба ҳар корашон поятро монда ба сар медавӣ?! Барои чи хусуру хушдомани маҳмадоноят дигар домодҳояшонро неву танҳо туро ғулом карда гирифтаанд?! Бачам, мард набояд ин қадар суст шавад, ҳамин хел рафтан гирад, пагоҳ занат ҳам ба болои сарат мебарояд...”

Аҳд намудам, ки дигар ба хонаашон қадамамро намегузорам, вале ҳамсарам Оиша ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт, ки падару модарашро ёд карда аст. Аз хонаи очаат омаданатро ҳанӯз ду ҳафта нашудааст, як моҳ гузарад, баъд ба дидорбинӣ меравӣ гӯям, гиряву ноларо сар кард. Ғазабам рӯ заду ба сари занам мушт бардоштам. Пайти муносиб ёфта Оиша ба модараш занг зада, буду шуди воқеаро нақл кардааст. Бегоҳ хушдоманам занг зад ва баробари гӯшакро бардоштанам ардабаро сар карда гуфт: “Ту хари лаъин аз кай боз ба духтари мо даст мебардоштагӣ шудаӣ?! Ту худат кистӣ, ки духтари моро зада сиёҳу кабуд мекунӣ?! Худи ҳозир аз Оиша бахшиш напурсӣ, рӯзатро сиёҳ мекунам, сагбача!” Пас аз ин гӯшакро хусурам гирифт ва шояд аз суханҳои занаш шарм дошта, маккорона ба ман кори хуби сердаромад пешниҳод намуд. Рад карда, телефонро хомӯш намудам. Пас аз ин, хусуру хушдоманам боз чанд бор ба хонаи мо омада, золиву шайтонӣ намуданд, то мабодо ҷавоби духтарашонро надиҳам. Намехоҳам барои падару модараш шуда аз занам ҷудо шавам, чунки зиндагӣ бозича нест, вале ба ҳар ош қатиқ шудани волидони Оиша ба ҷонам задааст. Мехоҳам аз минбари “Оила” ба хусуру хушдоманам бигӯям:

-Дигар биниатонро ба зиндагии мо нахалонед! Бадбахтии духтаратонро намехоста бошед, моро ба ҳоли худамон гузоред. «Командоват» карданатон бас аст. Ман ғуломи шумо нестам!!!

Қаҳорҷон, хонандаи «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД