arzon replenishment
Ман фурўдгоҳи эҳтиётӣ нестам Қисми 2
1744

                          Эҳсоси ширин

Худситоӣ мешаваду бояд бигўям, ки ман ҷавонмарди болобаланди зебо, соҳиби ҳама он чизе, ки ба як ҷавонмард хос аст, сарвату давлату вазифа, ҳатто духтаракони ҷавон низ занг зада, изҳори ишқ мекарданд… Дар ҷавониҳо ошиқ низ шуда будам, аммо Сайрона маро бо меҳрубонию навозишҳои ѓалатияш тамоман шефтаю асири хеш гардонда буд. Ин эҳсос тамоман чизи дигар буд, ширинтар аз он эҳсос вонахўрда будам. Ҳамсари бечораам пай мебурд, ки ман нисбати ў сардам, вале чизе намегуфт, ҳушу ёди ман бастаи Сайронаи афсунгар буд… Ў кушиш мекард, ки худро орову торои зиёд диҳад, то дар назари ман тару тоза ва ҷавону зебо намояд, аммо ман ўро ҳамон гунае буд, дўст медоштам. Аз гум кардани ў сахт метарсидам ва кадом шабе бо ў набошам, занг зада то нимаҳои шаб ҳамроҳаш гап мезадам, аммо…

                                  Носипос

Як рўз Сайрона занг зада гуфт, ки меҳмон дораду ман наравам, ҳамин тавр як ҳафта мо танҳо бо телефон гап мезадем. Дилам аз тангӣ ба кафидан наздик меомад, вале ў баҳона мекофту мегуфт, ки меҳмононаш ду зан ҳастанд. Ўро ба ҷону ҳолаш намонда, ба хўроки шом даъват кардам, ў омад ва даруни мошин сарашро ба китфам гузошта гуфт:

- Падари фарзандонам баргаштаасту мехоҳад мо зиндагиямонро давом диҳем, духтаронам ба воя расидаанд, мехоҳам бо дуои падарашон ба хонаи бахташон қадам ниҳанд,-маро гўё қувваи барқ зада бошад, дар ҷоям шах шудам, ёд надорам ў чӣ гуфту ман чӣ шунидам, баромада рафтанашро низ….

Намедонам баъди чанд соат ба худ омадам, ба ҷиянам занг задам, ки омада, маро ба хона барад, авҳолам бад асту мошин ронда наметавонам.

Рўзи дигар ба Сайрона занг зада, талоқашро додам, ба бахшишҳояш ҷавобе нагуфтам. Ва сар шуд азобҳои ман, шаш моҳи дароз мисли бемор будам, бовар кунед, шумо ҳақ доред маро беиродаю бенангу беномус хонед, аммо ман баъди як сол Сайронаро тавонистам каме ҳам бошад, фаромўш кунам. Ман пеши Худо тавба кардам аз боварӣ ба зан, ишқ ва муносибат…

Як рўз котибаам гуфт, ки зане мехоҳад шуморо бинад, ман ўро ягон корафтода гумон карда, иҷозати даромадан додам. Дар рў ба рўям Сайронаро дида, дасту по гум кардам, вале худамро ба даст гирифтам…

Сайрона бо ҳоли зор ва гиряи бисёр нақл кард, ки шавҳараш тамоми зару зевари ў ва духтаронашро дуздида, ба номи вай аз бонк ҳашт ҳазор доллар гирифта, ѓайб задааст. Ў мехост ман ўро қабул кунам, вале ман ором ба вай гуфтам:

-Ин кори намешудагӣ аст, ман барои ту фурўдгоҳи эҳтиётӣ нестам… Сайрона чанд вақт аз дунболам гашт ва зорӣ кард, аммо «кўр як бор ба чоҳ меафтад»…

Хонандаи азиз, ман дар қатори ҳафтаворҳои сиёсӣ, «Оила»-ро низ мехонам ва мебинам, ки ин ҷо сухан ҳамеша дар бораи бонувони фиребхӯрда меравад. Ҳарчанд бароям душвор буду мақоми доштаам иҷозатам намедод, вале ман як пораи зиндагиямро рўйи коғаз овардам. То барои ҷавонмардони дигар дарси ибрат шавад. Боқӣ, қазоват аз шумост, хонандагони азиз!

Ба ин линк ворид шаведу қисми аввалро мутолиа намоед.  

https://oila.tj/news/man-furudgoi-etiet-nestam-ismi-1

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД