Sebiston new 2024 october
«МАН Ё ЗАНАТ!» Ё ШАРТИ ХУШДОМАН БА ШАВҲАРАМ
14.10.2020
Р. Азимӣ
7377

Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем, вале дар тӯли як ҳафтаи арӯсиям қошу қавоқи хоҳарони шавҳарамро дида, дилам аз зиндагӣ мисли ях хунук шуд. Хоҳаршӯйҳоям мудом ба ҳар як кори ман эрод гирифта, таънаю пичинг мезаданд ва суханҳои қабеҳ мегуфтанд.

Сару либосамро бо тамасхур аз назар гузаронда «дар хонаи мо ин хел либосҳо напӯш, айб аст» гуфтанашон ба ҷонам зад ва ниҳоят рӯзе буғзи диламро кафонда гуфтам:

-Ман-ку ба шумо кор намегирам, чаро шумоён аз рӯзи аввал ба ҳама корам айб мемонед?

-Ту зеби хонаи мо нестӣ, намедонам додари ман кӯр шуд ё бо сеҳру ҷоду чашмашро бастанд, ки туро ба занӣ гирифт,-абрӯ чин карда дод зад апаи калонии шавҳарам, ки бо сабаби шаттоҳиаш номи бади бевагиро гирифта дар хонаи падараш мезист.

Дигар бо хоҳарони шавҳарам сарбасар шуданро ба худ эб надида ба хонаи хоби худам даромадам ва ҳамон шаб то саҳар мижа таҳ накарда гиристам. Рӯзи дигар хоҳари хурдии шавҳарам қасдан косаи хӯрокро ба рӯйи поям чаппа кард. Бо расидани таоми сӯзон ба баданам фиғонам баланд шуд. Румайсо аз кори кардааш завқ бурда қиқир-қиқир хандид ва баъдан худро бегуноҳ вонамуд карда гуфт: «Янга, ақиб шинед намешавад?!

Қариб сӯхта мемурдед». Як аламам сад алам шуда гуфтам: «Кори кардаатро аллакай кардӣ, дигар ҳоҷати худсафедкунӣ нест!» Апаҳояш тарафи Румайсоро гирифта «бало назадааст, ки ин қадар доду вой бардорӣ» гӯён, ба сарам шӯриданд. Ин лаҳза шавҳарам аз дар даромад ва ҳоли зори маро дида хоҳаронашро коҳиш намуд, ки ақаллан андешаи ҳомиладор будани маро карда, озорам надиҳанд. Хотири шавҳарам ба ҳамааш тоқат мекардам. Умед доштам, ки баъди фарзанддор шудан муносибати аҳли оилаи шавҳарам бо ман тағйир меёбад ва зиндагиам ширин мешавад, вале хаёлам хом баромад. Қайсингилҳоям баъди духтарчадор шуданам рӯзи маро сиёҳтар карданд.

Ҳамаашон рӯзи дароз пойҳояшонро болои по монда бекор менишастанду дасташонро ҳатто ба оби хунук назада фармонфармоӣ мекарданд: «Янга хӯрокро биёр! Янга ҷойгаҳамонро парто, хоб равем! Янга хонаҳо норӯфта аст! Янга, янга, янга…» Мабодо кори гуфтаашонро каме дертар анҷом диҳам, дар сарам чормағз мешикастанд. Дидам, ки намешавад, худро ҳимоя мекардагӣ шудам. Гап гардонданам ба хушдоманам нафориду дар назди писараш шарт гузошта гуфт: «Сағера, аз ду якеро интихоб кун: ман ё занат!» Шавҳарам маҷбур шуда, талоқамро дод ва маро бо духтарчаам оварда дар хонаи падарам монд. Азобе, ки ман дар як соли хонадориам кашидам, саг чунин азоб надошт. Дӯзах буд зиндагии ман дар он хонадон.

Заррае пушаймон нестам, ки аз он ҷаҳаннам халос шудам, вале маро чизи дигар алам мекунад. Барои зане, ки фарзанди навзодашро як сӯ партофта, рӯз то бегоҳ хизмати хоҳарони шавҳарашро мекунаду дар охир ба рӯяш туф мекунанд, дарднок аст!

Ситора, хонандаи «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД