Formula novemver 2024
Маҳмудҷон Муродов ба сокинони Хатлон 330 ҳазор сомонӣ кӯмак расонд
407


Соҳибкори хайрхоҳи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба ятимон, маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи умумии 330 ҳазор сомонӣ кӯмак расонид.

Дар арафаи соли нави мелодӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» ва узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 300 килограм гӯшт, орд, равған, шакар, макарон, дар маҷмӯъ 113 тонна маҳсулоти ниёзи аввал бурда, ба ятимон, маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тақсим намуд. Аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд ба беш аз 1 ҳазору 740 нафар кӯмак расонида шуда, ҳаҷми умумии хайрияи ин соҳибкори хайрхоҳ ба сокинони Хатлон 330 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

“Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 113 тонна маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, беш аз 300 кило гӯшт ва бо маблағи умумии 330 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд”-менависад манбаъ.

Ба ғамхорӣ фаро гирифтани табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, дар ин раванд тадбирҳои судбахш амалӣ мешаванд.
Соҳибкори хайрхоҳи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба ҷонибдорӣ аз сиёсати Пешвои миллат, ҳамеша табақаҳои ниёзманди аҳолиро дастгирӣ намуда, тез-тез ба ятимон, беморон, маъюбон, одамони танҳо ва дигар шахсони ниёзманд кӯмакҳои пулию молӣ мерасонад.

Ин марди дарёдил зиёда аз 100 оилаи бесарпаноҳро бо манзил таъмин намуда, ба онҳо хонаҳои нави замонавиро тақдим намудааст.
Ёдрас мешавем, ки чанд нафар қаҳрамонони барномаи “Умеди охирин”-и сомонаи Оила. ТҶ низ аз кӯмакҳои хайрхоҳонаи ин соҳибкори хайрандеш ва ҳотамнажоди тоҷик баҳравар гашта буданд ва Маҳмудҷон Муродов ба онҳо хонаҳои нави замонавиро бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор тақдим намуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД