1xbet
Маълумоти фарзандони муҳоҷирон ба идораи пулис фиристода мешавад
97

Вакилони Думаи давлатии Русия қонуни наверо қабул намуданд, ки тамоми мактабҳо ва дигар зерсохторҳои Вазорати маорифи ин кишварро ба фиристодани маълумоти фарзандони муҳоҷирон ба Вазорати корҳои дохилии кишвар муваззаф мегардонад.

Қонуни нав дар хониши дуюм ва сеюм қабул шудааст ва мувофиқи он муассисаҳои соҳаи маориф бояд маълумотҳои зеринро ба пулис равон намоянд:

Ному насаби кӯдак ва падару модараш, санаи таваллуд, суроғаи ҷойи зист, рақамҳои шиноснома, СНИЛС, маълумот дар бораи қабул ба мактаб ё ихроҷ шудан, натиҷаҳои имтиҳоноти тестии забони русӣ, муроҷиати волидони кӯдак ба мактаб, агар онҳо дар рӯйхати шахсони назоратшаванда қарор дошта бошанд.

Дар навбати худ Вазорати корҳои дохилии Русия маълумотро дар бораи бақайдгирӣ ё аз қайд баровардани кӯдакони муҳоҷир медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД