Суди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ду ҷавонро барои ҳамла ба як ронандаи ширкати «Чакан таксӣ» ва ғорати ӯ ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст.
Ҳодиса шаби 21-уми декабри соли 2025 рух дода, Манучеҳр Саидов ва Сано Лутфуллозода худро мусофир вонамуд карда, ба таксӣ савор шудаанд. Онҳо ронандаро ба канори роҳ бурда, бо корд захмӣ карда, 800 сомонии ӯро гирифтаанд. Баъдан ронандаро маҷбур кардаанд, ки онҳоро то шаҳри Бохтар расонад ва пас аз расидан фирор кардаанд.
Бо ҳукми суд аз 18-уми апрел Манучеҳр Саидов ба 17 соли зиндон ва Сано Лутфуллозода ба 10 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудаанд.