Formula july 2024
Мактаббачаҳои тоҷик ба таври ройгон дар Амрико зиндагӣ ва таҳсил мекунанд
720

Рӯзи 13-уми июл дар меҳмонхонаи “Ҳайт реҷенси”-и шаҳри Душанбе ба муносибати 30-юмин солгарди фаъолияти барномаи FLEX ((Барномаи мубодилаи пешвоёни оянда) бо ташаббуси Шӯрои амрикоӣ ва дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд.

Дар оғози ҳамоиш Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки барномаи “FLEX” имконият фароҳам меорад, то мактаббачагони болаёқати кишварҳои гуногун, аз ҷумла хонандагони тоҷик давоми як соли хониш дар оилаи амрикоӣ зиндагӣ карда, дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил намоянд.

“Давоми 30 соли амалӣ гардидани барномаи мазкур беш аз 30 ҳазор хонандаи мактабҳои миёна аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба Амрико сафар карда, дар оилаи муқаррарии амрикоӣ зиндагӣ ва дар мактаби миёна таҳсил карданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 1994 то ин ҷониб дар доираи барномаи FLEX беш аз ҳазор хонандагони мактабҳои миёна ба забономӯзӣ фаро гирифта шуданд”,- гуфт сафири Амрико Микаллер.

Қайд гардид, ки интихоби хонандагон ба Барномаи FLEX ҳар сол аз моҳи август оғоз ёфта, дар се давр гузаронида мешавад. Дар даври аввал хонандагон (танҳо хонандагони синфи 11) ба тариқи онлайн имтиҳон месупоранд. Онҳо се иншои кӯтоҳ бояд нависанд ва ба саволҳои тестӣ ҷавоб гӯянд. Дар даври дуюм хонандагон ба мусоҳиба даъват мешаванд. Дар даври сеюм довталабон саволномаро пур мекунад ва натиҷаи имтиҳонотро моҳҳои апрел-май интизор мешаванд.

Амонулло Каримов, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Oila.tj гуфт, дар доираи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА дар самти маориф барномаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки хонандагони тоҷик барои беҳтар намудани сатҳи донистани забони англисӣ ба Амрико рафта, давоми як сол адабиёт, фарҳанг, таърих ва дигар унсурҳои забони англисиро аз худ намоянд.

“Баҳри татбиқи самараноки «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019 қабул гардидааст, барномаи FLEX низ метавонад саҳми зарурӣ гузорад. Ҷавонони мо тавонистанд дар доираи ин барнома маҳорати забондонии худро сайқал диҳанд»,- гуфт ин масъули Вазорати маориф.

Ба иттилои ӯ ҳамасола наздик ба 2,5 ҳазор хонандагони мактабҳои Тоҷикистон барои иштирок дар Барномаи FLEX кӯшиш мекунанд. Аз ин шумора 30-35 нафар интихоб шуда, барои таҳсил ва истиқомат давоми 1 сол ба Амрико фиристода мешаванд. Сафар ва таҳсилу истиқомат ройгон мебошад.

Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, FLEX нахустин барномаҳои Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 1994 то ин ҷониб бомуваффақият амалӣ шуда истодааст.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ даъват мекунанд, ки мо аз ин бисёр хурсандем ва ба он кас сипосгузорӣ мекунем. Бо назардошти ҳамин дар 8 шаҳри калонтарини Тоҷикистон марказҳои амрикоӣ фаъолият мекунанд, ки ба омӯзиши забони англисӣ машғуланд. Тариқи ин барнома мо мактаббачагони тоҷикро ба Амрико сафарбар мекунем. Баъди хатм онҳо ба ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд»,- гуфт сафир.

Як масъули Шӯрои амрикоӣ дар Тоҷикистон гуфт, барномаи FLEX (Future Leaders Exchange) барномаи ғайритиҷоратии амрикоӣ барои табодули мактаббачаҳои синфҳои болоӣ мебошад, ки ба хонандагони болаёқати тоҷик тариқи ройгон имкони зиндагиву таҳсил барои як сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро фароҳам меорад.

Дар анҷоми ҳамоиш хатмкардагон тассурот ва бардоштҳои худро аз замони рӯзгору таҳсилашон дар Амрико нақл карданд. Ҳамзамон, онҳо дар бораи махсусияти ин барнома, имкониятҳои он, истифодаи донишу таҷрибаашон дар Тоҷикистон ва шиносоиву дӯстони навашон дар мамолики гуногуни олам сухан гуфтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД