Мактаббачаҳо чоряки сеюмро ҷамъбаст намуда, аз 25-уми март ба таътили баҳорӣ мебароянд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар зимни суҳбат бо расонаҳо хабар додаанд.
Таътили баҳории мактаббачаҳо аз 25 то 29-уми март муқаррар гаштааст, вале азбаски 30-юми март ба рӯзи якшанбе рост
меояд, кӯдакону наврасон 30-юми март низ истироҳат хоҳанд кард. Тахмин меравад, ки иди Рамазон ба 31-уми март рост меояд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки ба хотири Иди Саиди Фитр истироҳат эълон мешавад ё не.
Ҳамин тавр, бо дарназардошти Иди Наврӯз мактаббачаҳо муддати 10 рӯз, аз 21-уми март то 30-юми март истироҳат хоҳанд кард.