Максим-сарояндаи машҳури рус қариб ду моҳ боз ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор буда, табибон вазъи саломатиашро бисёр вазнин арзёбӣ менамуданд.
Ситораро ҳанӯз рӯзи 19-июн дар ҳолати вазнин бе беморхона бурда буданд, баъдтар ҳоли сароянда боз ҳам бадтар шуда ба кома афтид. Табибон ӯро ба дастгоҳи сунъии нафаскашӣ пайваст намуданд ва беш аз як моҳ боз ин зебосанам танҳо бо шарофати ҳамин дастгоҳ нафас мекашид. Тамоми ин муддат МакSим байни маргу зиндагӣ қарор дошта бошад ҳам, рӯҳи муборизаш барои ҳаёт талош менамуд. Набарди ин зебосанам барои зинда мондан дурударз бошад ҳам, ниҳоят бо пирӯзии ҳаёт бар марг анҷом ёфта, сароянда ба ҳуш омад.
Менеҷери МакSим (Марина Абросимова) -Маргарита Соколова вазъи салматии сарояндаро шарҳ дода, замони эҳтимолии ҷавоб шудани ӯро аз беморхона ба "Пятый канал" гуфтааст.
"Ӯро ба палатаи оддӣ гузарониданд. Мустақилона ҳаракат мекунад, нафас мекашад, ба ӯ телефонашро доданд. Акнун ӯ дар алоқа аст. Албатта, ҳоло барояш мушкил аст. Энержӣ наонқадар зиёд аст. Нафас кашидан барояш осон нест, вале акнун бе дастгоҳ аст", - нақл кардааст Маргарита Соколова.
Ба гуфти мененҷераш МакSим ба зудӣ, шояд баъди як ё якуним ҳафта аз бемористон мураххас хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки худи сароянда низ дар саҳифаи Instagram аз беҳ шудани аҳволаш хабар додааст.
"Ҳоло ман хеле заиф ҳастам, вақте кӯшиш мекунам роҳ гардам, сарам чарх мезанад. Аммо умедворам, ки ба қарибӣ метавонам ба хона биравам ва оилаи худро ба оғӯш гирам", - навиштааст ҳунарманд.
Ба гуфти MaкSим якуним моҳи дар ҳолати кома қарор доштан мисли ду рӯз гузаштааст. “
Вақте табибон аз ман пурсиданд, ки чанд вақт дар кома будам, гуфтам: "Ду рӯз". Бовар надоштам, ки зиёда аз як моҳ гузаштааст", - гуфтааст ин ситораи дурахшни саҳнаи рус.
Ба худ омада бошад ҳам, табибон парвоз тавассути тайёра ва суруд хондану дар саҳна ҳунарнамоӣ карданро як муддати муайян ба MaкSим манъ кардаанд. Танҳо баъди барқарор шудани шушҳояш ӯ метавонад дубора дар саҳна ҳунарнамоӣ кунад.
Қаблан овозае паҳн гашта буд, ки ин паричеҳраи ҳунарманд аз бемории ҳамагири Ковид-19 ранҷ мекашад, вале натиҷаи ташхис манфӣ баромада, собит шуд, ки MaкSим на ба коронавирус, балки ба илтиҳоби шадиди шуш гирифтор шудааст.