Ашки ғам
Холаи Ҳабиба чун ҳамарӯза баъди анҷоми корҳои рӯзғор дар танҳоӣ нишаста барои қисмати талхи писари ягонааш ашки ҳасрат мерехт. Шукруллою ҳамсари нозанинаш Маҳина бо ишқу муҳаббат оиладор шуда буданд, вале аз зиндагии онҳо даҳ сол сипарӣ гашту фарзанддор нагаштанд. Шукрулло дар соҳаи тиб кор мекард ва ҳар рӯз ба дарди садҳо беморон дармон мебахшид, аммо ба дарди худаш даво намеёфт. Бечора барои боровар гаштани нахли умраш ба чандин кишварҳои хориҷӣ рафта, ҳамроҳи занаш аз ташхиси табибони машҳуртарини ҷаҳон гузашт, вале такопӯҳояш суде накард. Табибон иллатро дар Шукрулло ёфтанд. Аз рӯи ҷавобҳои ташхис Шукрулло безурриёт буда, аз ӯ ҳеҷ гоҳ фарзанд намешудааст. Вай намехост ин хабари нохушро ба Маҳина расонад, чунки ҳамсарашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Ашк рухсораҳояшро мешусту худ ба худ бо Худованд мунозира мекард, ки барои кадом гуноҳаш ӯро аз беҳтарин неъматаш бебаҳра кардааст. «Тамоми дороӣ дар пеши фарзанд ҳеҷ аст, худоё» гӯён, назди парвардигор дарди дил мекард Шукрулло.
Дарди дил
Шукрулло воқеаро ба модараш нақл кард. Маҳина тасодуфан суҳбати очаю бачаро шунид ва тоқат накарда ба хона даромаду гуфт:
-Шукрулло, ман ҳаргиз аз ту ҷудо намешавам. Бигзор як умр дар зери таънаи мардум бимонам, бигзор доғи бефарзандӣ ҷигарамро пора-пора созад, вале мемураму аз ту ҷудо намешавам!
Оре, майли ҷудоӣ надошт Маҳина, аммо модараш ба ҷону ҳолаш намонда «умратро бо ин мард хазон накун» гӯён, ӯро зӯран гирифта бурд. Маҳина бо чашми гирёну гардани каҷ аз хонаи шавҳараш рафт. Вай рафту шодиро аз ин хонадон бурд.
Алами танҳоӣ
Акнун ҳавлии калон дар сари модару писари танҳо гӯё чарх мезад. Дигар зиндагӣ барояшон маънӣ надошт. Шукрулло ҷавонмарди зебои пулдору ба обрӯ буд, аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашид, вале доғи бефарзандӣ ӯро руҳан кушт. Торҳои мӯяшро ғами надоштани меросхӯр барвақт сафед кард. Вай розӣ буд, ки тифлакеро гирифта ба фарзандӣ қабул намуда, ҳамроҳи Маҳинаи азизаш зиндагии ширинашро давом диҳад, вале хушдомани морзабонаш нагузошт, ки ақаллан ҳамин орзуяшонро амалӣ намуда хумор бишкананд. Духтарони зиёде ҳамроҳи Шукрулло кор мекарданд ва ба хотири пулу молу давлату сарваташ розӣ буданд, ки бо Шукрулло хонадор шаванд, аммо духтур ҳанӯз умедашро аз ишқи аввалину ёри беҳтаринаш Маҳина наканда буд. Медонист, ки Маҳина аз кори кардаи модараш сахт ранҷида, ҳамеша бо ӯ ҷангу хархаша мебардорад ва умед дошт, ки занаш дубора ба хона бармегардад, аммо хушдомани ҷодугараш дили духтарашро бо илму амал гарм карда, ӯро ба марди миёнасоле ба шавҳар дод. Пас аз ин, умеди Шукрулло аз бозгашти бахт канда шуд.
Бахти дуюм дарди сар
Маҳина сари ҳар қадамаш Шукруллоро ба ёд меовард, вале дигар чора надошт. Ҷавонзан танҳо бо умеди фарзанддоршавӣ зиндагиро бо шавҳари дуюмаш идома медод.
Шукрулло хабари ба шавҳар баромадани Маҳинаро шунида аввал ғамгин гашт, вале баъд барқасд духтари ҷавонеро таги чашм карда, дар фикри зангирӣ афтид. Фарзона дар беморхона фаррош шуда кор мекард ва ба назар хапаку бамаънӣ менамуд. Шукрулло пеш аз хонадор шудан модари Фарзонаро аз қисмати талхаш огоҳ карда, таъкид намуд, ки аз ӯ фарзанд намешавад. Волидони духтар дидаю дониста ба ҳамсари марди безурриёт гаштани ҷигарбандашон розӣ шуданд. Рӯзи тӯй чашмони Фарзона аз хурсандӣ барқ мезаданд. Шукрулло пештар ҳатто ба гӯшаи хаёлаш намеовард, ки бо ин духтар ҳамхона мешавад, вале аз ғами шавҳар кардани Маҳина «девона шуда, чӣ тавр ба ин дом афтиданашро нафаҳмида монд. Арӯси ҷавонаш зебою танноз бошад ҳам, ҳеҷ ба дили Шукрулло роҳ ёфта натавонист. Аниқтараш онҳо ҳамдил набуданд, Шукрулло ба қавли кампиракон тут гӯяд, Фарзона бед мефаҳмид. Духтур аз зани ҷавон гирифтанаш пушаймон буд, вале…
Нахли умед
Маҳина соҳиби як духтару як писар гашт, аммо ҳамин зиндагии бе ишқ ва берангаш ҳам ба ҷавонзани бетолеъ вафо накард. Шавҳараш аз олам чашм пӯшиду Маҳина рӯймоли сиёҳ дар сар бо ду фарзандаш ба хонаи модараш баргашт. Фарзона боз бева мондани зани якуми шавҳарашро шунида ба ташвиш афтид. Вай бо роҳи фиреб ба пойи шавҳараш якумра завлона задан мехост, зеро медонист, ки Шукрулло то ҳол Маҳинаро дӯст медораду барои бахти аввалаш месӯзад.
Макри зан
Як бегоҳ Шукрулло барвақттар ба хона баргашт. Фарзона дастони нозукашро ба гардани шавҳараш ҳалқа карда гуфт:
-Шодиёна деҳ азизам! Ман ба ту сюрпризи олиҷаноб дорам!
-Хайр, чӣ будааст он сюрпризат?- Пурсид бо тааҷҷуб Шукрулло.
-Ман ҳомиладорам,-ғолибона эълон намуд Фарзона.
Рангу рӯи Шукрулло яку якбора пахта барин сафед шуду пойҳояш бемадор гаштанд, гӯё ӯро барқ зада бошад, ҷон аз дасту пояш баромад.
-Ба шумо чӣ шуд? Магар хурсанд нашудед?-Бо тааҷҷуб пурсид ҳамсараш.
-Чӣ хел фарзанд? Ин номумкин аст!-Якбора авзояш беҷо шуда ба сари занаш дод зад Шукрулло,- ту маро аҳмақ хаёл кардӣ? Барои чӣ ин корро кардӣ?! Фарзанди ҳаромиат ба ман лозим нест! Фарзона, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, аз тарс мисли барги бед меларзид. Очаю духтар мехостанд бо роҳи фиреб Шукруллоро якумра пойбанд намуда, молу сарвати ӯро соҳибӣ кунанд, вале хаёлашон хом баромад. Беҳуда «дуздию ғарӣ паси саргини хар» нагуфтанд, Шукрулло ҳамсари маккораашро зери мушту лагад гирифту Фарзона иқрор шуд, ки ба шавҳараш хиёнат карда, аз марди дигар ҳомиладор шудааст. Вай худро пеши пойи шавҳараш партофта зорию тавалло мекард, ки аз гуноҳаш гузарад. «Ҳар чӣ кардам, ба хотири хушбахт шудани ту кардам»,- мегуфт Фарзона ва зор-зор мегирист, вале Шукрулло ҳамон замон ҷавоби зани хиёнаткорашро дода, ӯро шармандавор аз дар берун кард.
-Дигар пою қадами ҳароматро ба ин хона нагузор,- таъкид намуд марди фиребхӯрда ва чизу чораи Фарзонаро аз дарвоза ба берун ҳаво дод.
Бозгашти бахти аввал
Маҳина акнун ду тифлаки дӯстрӯяк дошт, вале ҳанӯз умедашро аз Шукрулло наканда буд. Вай боварӣ дошт, ки рӯзе ҳатман Шукрулло ба суроғаш меояд ва хонаи вайронаашро аз нав обод месозад. Пешгӯиҳояш рост баромаданд, баъди аз занаш ҷудо шудан, Шукрулло боз дари хонаи модари Маҳинаро куфта, ҳамсарашро дубора хостгорӣ намуд. Ду дилдодаи ошиқ аз нав якҷо шуданд. Акнун ҳаёташон аз пештара дида рангину зеботар гашта буд, чунки онҳо танҳо набуданд. Фаруху Замира ба зиндагии Шукруллою Маҳина ҳусну таровати тоза мебахшиданд…
Сурайё Рабиева, н. Ҳисор